Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштироки Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҷрибаи судии парвандаҳои иқтисодӣ доир ба масоили об”

admin Чорабиниҳо

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Раиси Суди Олии иктисодӣ Қодирзода А.С., муовинони раис, судяҳо ва кормаидони дастгоҳи Судҳои иқтисодӣ, инчунин намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба раванди амалисозии ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018- 2028» мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҷрибаи судии парвандаҳои иқтисодӣ доир ба масоили об” баргузор гардид.

Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Қодирзода А.С. оғоз намуда пеш аз ҳама ҳузури хар як иштирокчии ин чорабиниро хайрамакдам гуфта, қайд карданд, ки Об – ин боигарии нахустин ва умдаи худододии Тоҷикистон буда, Худованди бузург ба Ҷумҳурии Тоҷикистон табиати ҳамешабаҳор, ганҷҳои зеризаминӣ, обҳои равону зулол ва шифобахшро ато кардааст.

Сол то сол дар курраи Замин ҳачми обҳои тоза (ошомиданӣ) коҳиш меёбад ва хатари ҳақиқии “камшавии об” ба назар мерасад. Барои пешгирӣ кардани камшавии об ба иттиҳодияи ҷахонӣ зарур аст, ки дар кӯшиши муттаҳидӣ оид ба сарфакорона истифодабарии об ва ҳифзи захираҳои он чорабиниҳои комплексӣ таҳия шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки оид ба ҳалли ин масъалаи шадиди экологи саҳми худро гузорад.

Ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили глобалии об дар ҷаҳон макоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам пешеаф намуд.

Моҳият ва муҳтавои ташаббуси нави Пешвои миллатро чун талоши кишвари мо ҷиҳати саҳм гузоштан дар рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд ва танҳо бо роҳи ҳамкории ҳамаҷониба ва муколамаву шарикии созанда дар сатҳи баӣналмилаливу минтақавӣ метавон ба ҳадафҳои Даҳсолаи нави баӣналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» расида, бо дарназардошти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва амниятии об дар ҷаҳони имрӯза саҳифаи навро дар ҷодаи ҳаллу фасли мушкилоти глобалии об ифтитоҳ менамояд.

Дар кори мизи мудаввар ҳамчунин сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон Ғафурзода Тағоӣмурод дар мавзӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028”, судяи Суди Олии иқтисодӣ Нуриддини Н.Б. дар мавзӯи «Накши баӣналмилалии ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т. дар мавзӯи «Аҳамият ва чойгоҳи об дар рушди устувори иқтисодӣ» ва судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Хоҷазода Ф.Ҳ. дар мавзӯи «Об сарчашмаи ҳаёт ва истифодаи оқилонаи он» баромадҳо намуда, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

soi.tj

You May Also Like..

Тадбирҳои таъмини вазъи эпидемиологӣ вобаста ба пешгирии сироятии нави коронавирус (COVID -19) ва ташкил намудани ситоди дохилиидоравӣ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе.

Бо мақсади таъмини иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 таҳти № АП-1365, Протоколи машварати назди Президенти […]

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони  Суди Оии иқтисодӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон чорабинии идона […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *