Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар Тоҷикистон

admin Вохӯриҳо

18 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

19 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

president.tj

You May Also Like..

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук

13 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси […]

Ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии

Санаи 19 апрели соли ҷорӣ дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *