Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

“Ваҳдати миллӣ ин дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон аст” иштироки Рҳбарият ва кормандон дар мизи мудаввар

admin Чорабиниҳо

Имруз дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо  ва кормандони судҳои иқтисодӣ,  бахшида ба таҷлили 21 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-омили муҳимтарини ҳастии миллат» мизи мудаввар доир гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони суди иқтисоди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қодирзода Абдуҷаббор, оғоз намуда қайд карданд, ки Ваҳдати миллӣ ин дастоварди бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон буда, он бевосита бо ташшабус ва иродаи матини Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад.

Воқеан, дар ҳар давлате, ки сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад, он давлат пайваста пеш меравад, иқтисодиёташ рушд мекунад ва дар натиҷа, мардуми он метавонад ба сатҳи арзандаи  зиндагӣ ноил гардад.

Ғайр аз ин, таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ҳамчун сабақҳои басо арзишманд чи дар дохили кишвар ва чи дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, давлатҳое ҳастанд, ки орзўи тинҷиву оромиро мекунанд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар, котиби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷамиламоҳ дар мавзўи “Нақши Ваҳдати миллӣ дар таъмини адолатӣ судӣ” баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *