Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши ваҳдати милли дар таъмини адолати судӣ

admin Без рубрики

Ҳозирини гиромӣ

Ҳамккасбони муҳтарам!

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бисту як сол мешавад.

Дар муддати бисту як сол ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решай мустаҳкам давонда, боровар гардид.

Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандй гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Натиҷаи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки сулҳу суботи саросарӣ ва оромӣ дар кишварамон фароҳам омад. Бо қабули ин санади тақдирсоз ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таракқиёт дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз бахшид.

Аз баракати сулҳу субот ва Ваҳдати мили дар саросари кишвари тозаистиқлол имконият фароҳам омад, ки ба сохтмони як силсила иншоотҳои азими аср ҳусни оғоз бахшида, қадамҳои ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикй ва аз бунбасти коммуникатсионй раҳо додани кишвари азизамон, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик қадамҳои устувор гузошта шаванд.

Имрӯз шукр мекунем, ки дар давлати биҳиштосои мо парчами сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, истиқлолияти комил ва соҳибдавлатӣ парафшон аст. Вобаста ба ин ҷумҳурии соҳибистиклолу азизи мо дар марҳилаи сифатан нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қарор дорад ва ба кишвари дорой низоми муосири муносибатҳои бозаргонӣ, иктисоди миллим рушдёбанда ва фазой мусоид барои нақшаҳои бузурги пешрафту созандагй табдил ёфта аст.

Бо эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуд.

Агар таърихи мавҷудияти судҳоро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ду марҳала—то эълони ваҳдати миллӣ ва даврони баъд аз расидан ба ваҳдат тақсимбандӣ намоем, баръало равшан мегардад, ки маҳз пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти судҳои кишвар тағйироту пешрафтҳои зиёд ҷой доданд. Қабули Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 саҳифаи наверо дар таърихи мақомоти судии кишвар боз намуда, дар доираи ислоҳоти конститутсионй 26 сентябри соли 1999, яъне зимни татбиқи талаботи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар натиҷаи раъйпурси умумӣ халқи ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки барои ҳокимияти судиро аз тобеияти ҳокимияти иҷроия баровардани асоси қонунӣ гузоштанд. Ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ, ки бо мақсади заминасозии ҳуқуқии раванди сифати нави рушд ва мукаммал гардонии низоми конунгузории миллӣ анҷом пазируфт, маком ва эътибори низоми мақомоти судии кишварро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшид, ки бевосита самараи ваҳдату ризоияти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.

Ба шарофати Истиклолияти давлатӣ ва баракати ваҳдати миллй имрӯз суд дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амал карда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ҷойгоҳ ва мақоми марказиро дороет. Мустақилона, бо салоҳият ва бидуни дахолати мақомоти дигар фаъолият намудани низоми судии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки адолати суди ба маънии томаш таъмин гардида, сатҳу сифати ҳифзи ҳуқуки шахсият баланд бардошта шавад, ки чунин воқеият дар таърихи поидории макомоти судии кишвар падидаи муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҷараёни дигар гунсозиҳо ва тағйироти мусбате, ки дар давоми 21 соли пойдории ваҳдати миллй дар самти таҳкими асосҳои ҳокимияти давлатӣ, афзудани қобилияти истеҳсолй ва рақобат пазирии иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани зиндагии шарофатмандонаи иҷтимоии аҳолӣ ва баландбардоштани эътибори байналмилалии Тоҷикистон бо такя ба низоми қонунбанди ҳуқуқй ташаккул ёфт, аз нигоҳи қазовати таърих зуҳуроти барҷаста ва арзишманд мебошад.

Ҳамин тавр, дар давоми зиёда аз 20 соли фаъолияташон судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккабу тағйиротҳои ҷиддиеро тай намуданд, ин пеш аз ҳама дар баррасй намудани парвандаҳои аз оддй cap карда то ба мураккабу гуногуншакл бо назардошти мураккаб гаштани муносибатҳои иқтисодй, тағйир ёфтани шакли тобеияти судҳои иқтисодии поёнй, якчанд маротиба тағйир ёфтани марҳилаҳои судҳои иқтисодӣ алоқаманд аст.

Таҳлили воқеъ бинонаи раванди сулҳофарй дар арафаи 21-солагии Рамзи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки нақши Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ басо таърихиву мондагораст. Зеро маҳз талошҳои хастанопазири Сарвари давлат буд, ки оташи ҷангхомӯшшуда, халқи тоҷик аз парокандагй наҷот ёфта, дар фазой осуда зиндагии худро идома медиҳанд.

Имрӯз иттиҳоду ҳамбастагии халқи точик аст, ки мо дар фазой сулҳу ваҳдати комил умр ба cap мебарем ва кишвари азизамон сол ба сол рушду тараққй мекунад. Бидуни тардид кулли пешравиҳои ҷомеаи мо аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сарчашма гирифт ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон бо сарварии Эмомалй Раҳмон дар меҳвари таваҷҷуҳу омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Моро ҳушёр мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ин санади тақдирсозро ҳифз намуда ба қадри он расем.

Қаҳрамонии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимй умр ба cap бурда, минбаъд баҳри шукуфонгардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд.

Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва мақомоти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд.

Феълан нақш ва мавқеи мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳукуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо бояд хеле бузург бошад.

Дар анҷоми сухан, ҳамаи Шуморо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 21- умин солгарди рузи Ваҳдати милли табрик муборакбод гуфт, қайд менамоям, ки истикрори сулҳу субот ва ваҳдати милли дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон буда, ҳамаи моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддасро пос нигоҳ дорем.

Котиби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷамиламоҳ

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

1 Comment

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *