Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛИ ЯКУМИ 2018 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ДАВРАИ МИНБАЪДА

admin Вохӯриҳо

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якум ва муайян намудани вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 доир гардид, ки дар он Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебонисо иштирок намуданд.

Чи таве, ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳанд,  дар маҷлиси ҷамъбастӣ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, муовини якум, муовинони раис, Раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарон сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд.

Дар оғози маҷлис Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, инчунин ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо ҳисобот доданд.

Дар оғози маҷлис Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва амалӣ гардонидани дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, инчунин ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо ҳисобот доданд.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 5,8 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба 6,5 фоиз ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб ба 21 фоиз баробар гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 26 намуди маҳсулот кам гардида, 4 намуди маҳсулот умуман истеҳсол нагардидааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовинони соҳавӣ, раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки бо фаъолияти корхонаҳое, ки истеҳсолро кам ё қатъ кардаанд, ҳамаҷониба шинос шуда, барои истеҳсоли ҳаҷми зарурии маҳсулоти саноатӣ ва пайдо намудани манбаъҳои нави андоз тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Бо инобати коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар корхонаҳои саноатии пойтахт такмил додани фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ, бахусус доир ба истеҳсоли либосҳои ягонаи мактабӣ барои хонандагони мактабҳои миёна, духтурон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ зарур шуморида шуд.

Тибқи маълумот давоми 6 моҳи аввали соли 2018 содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе ба 1,8 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 69,6 фоиз зиёд мебошад.

 Дар даври ҳисоботӣ 16 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии нав бо таъсиси беш аз 110 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз кардаанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар маҷмуъ 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд, вале дар соҳаҳои алоҳида раванди фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ беҳбудиро тақозо мекунад.

Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар 6 моҳи сипаригардида истеҳсоли энергияи барқ 587 миллион киловат-соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 фоиз зиёд аст.

Маблағи умумии энергияи барқи истифодашуда 287 миллион сомониро ташкил дода, ҷамъоварии он ба 266 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Дар самти коҳиш додани қарзи истифодаи энергияи барқ, Раиси шаҳр дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳо андешида шаванд.

Тибқи нақшаи соли ҷорӣ 1700 адад иншооту биноҳо бо дарназардошти соли гузашта ба шабакаҳои гармидиҳӣ бояд пайваст шаванд.

Раиси шаҳри Душанбе таъкид карданд, ки нақшаро то 1800 адад расонида, ҷиҳати омодагӣ ва ба қабули гармӣ тайёр намудани биноҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар, азнавсозии шоҳқубурҳои магистралию дохиликварталӣ ва пойгоҳҳои гармидиҳӣ якҷоя бо ширкати «Барқи Тоҷик» тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Аз мавзуоти дигаре, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе ба таври амиқ таҳлилу баррасӣ гардид, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон ба 1 миллиард сомонӣ баробар шуда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 76,8 фоизро ташкил додааст, ба шумор меравад.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот аз ҷумла, сохтмону азнавсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шудааст.

Инчунин, дар 28 иншооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ корҳои таъмирӣ идома дошта, дар 8 бино аллакай корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Раиси шаҳр иттилоъ доданд, ки дар шаҳри Душанбе сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 8404 ҷой аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1040 ҷой аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 муассисаи таълимӣ барои 5804 ҷой аз ҷониби ҷамъиятҳои саҳомӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4020 ҷой давом дорад.

Сохтмони 3 муассисаи томактабӣ барои 690- ҷой аз ҳисоби буҷети шаҳр ва 11 муассисаи томактабӣ барои 1027 ҷо аз ҳисоби соҳибкорон идома доранд.

Аз ибтидои сол то имрӯз аз ҷониби вазорату идора, ташкилоту муассиса ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт 72 майдончаи  варзишӣ ва 3 боғу гулгаштҳо бунёд гардидаанд. Дар ин робита  Раиси шаҳр масъулинро вазифадор карданд, ки барои ба роҳ мондани истифодаи мақсадноки иншооти варзишӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои корношоям гардидани дастгоҳу таҷҳизоти онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Яке аз ҳадафҳои роҳбаритяи шаҳри Душанбе ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт ба шумор рафта, дар 17 иншооти роҳсозӣ ба дарозии 29 километр ва 3 иншооти ирригатсионӣ ба дарозии 4 километр корҳои таъмиру азнавсозӣ оғоз гардида, дар 5 иншооти дига дар масофаи 9 километр ва дар масоҳати 134 ҳазор метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд.

 Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳрро ба сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшавандаи пойтахт ҷалб намуда, риояи талаботи технологиро дар ин раванд қотеъона талаб намуданд.

Дастовардхо дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии пойтахт низ назаррас буда, дар давоми якуним сол ба шаҳр 169 автобуси нави замонавӣ ворид карда шудааст ва то моҳи сентябри соли равон бошад 95 адади дигар бояд ворид карда шавад.

Ин тадбир сабаб гардид, ки ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиётӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Аз дастовардҳои дигари соҳа гузаштан ба низоми корти электронӣ ва пардохти ғайринақдии роҳкиро мебошад, ки ба зиёд гардидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии шаҳр боис шудааст.

Дар ин робита, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъмини бартарияти мусофиркашонӣ дар фаъолияти корхонаҳои коммуналии шаҳрро зарур шуморида, барои чораҷӯӣ баҳри ба танзим даровардани хатсайрҳо, сари вақт аз худ намудани маблағҳои лоиҳавӣ, таъмир ва мунтазам омода намудани нақлиёти мусофиркашонӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас доданд.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ ё 100,9 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша12,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 100,4 фоиз иҷро гардида, нақшаи қисми хароҷоти 91,8 дарсад амалӣ шудааст ва ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии пойтахт 969 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз масъулин талаб карданд, ки тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Зимни ҳисоботи худ Раиси шаҳри Душанбе ба масъалаи беҳтарнамоии раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимии пойтахт, фаъолияти самаранаки муассисаҳои соҳаи маориф, фароҳам овардани ҷойҳои нишаст, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисоси касбӣ ва такмили малакаи кормандони соҳа, пешгирии саривақтии бемориҳои сироятӣ, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ, рушди маънавиёт ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, дастгирии фаъолияти эҷодии сокинони шаҳр ва тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ диққати ҷиддӣ доданд.

Дар самти таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ Раиси шаҳр иҷрои талаботи қонунҳо, риояи ҳатмии онҳо ва амнияту оромии пойтахтро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин маънидод намуда, аз роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр таҳлилу баррасии ҷиддӣ ва бартараф намудани ҳолату нуқсон ва камбудиҳои ҷойдоштаро ба таври қотеъона талаб карданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 27 солагии истиқлолияти давлатӣ  ва то ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ бо сифати баланд таъмин карда шуда, дар ин раванд пойтахти давлати соҳибистиқлоламон   барои дигар манотиқи кишвар намуна бошад.

Дар ҷамъомад муовини якум ва муовинони Раис шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр роҳбарони сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт доир ба натиҷахои фаъолияти худ дар нимсолаи аввали соли равон ҳисобот манзур намуданд.

Пас аз таҳлилу баррасӣ ва ҷамъбасти натиҷаву дасторвадҳо дар самти таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2018 қаноатбахш ҳисобида шуда, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.

http://dushanbe.tj

You May Also Like..

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук

13 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси […]

Ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии

Санаи 19 апрели соли ҷорӣ дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *