Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иштироки роҳбарият, судяҳо ва котибони суди Иқтисодии шаҳри Душанбе.

admin Хабарҳо, Чорабиниҳо

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 бо кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодӣ, машғулияти семинари гузаронида шуд.

Дар семинар муовини Раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҳимзода Хусрав, судяҳо ва котибони суди иқтисодии шаҳри Душанебе иштирок намуданд.

Дар кори семинар судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия дар мавзӯи омӯзиши қарори плениуми Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2009 “Дар бораи ҳалномаҳои судӣ” инчунин дар семинари машғулияти бо кормандони дастгоҳ ва котибон, Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Султонзода Ҷамшед дар мавзӯи “Тартиб ва муҳлати протоколҳои маҷлиси судӣ зимни баррасии ариза (дархост) оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои давлатҳои хориҷи (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ), шакл ва мазмуни протоколи маҷлиси судӣ ва тартибу муҳлати таҳияи он” маърӯза намуданд.

Ҳамчунин дар рафти семинар иштирокчиён доир ба мавзўҳои зикргардида, баҳсу мунозира намуданд ва сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ муҳокима гардиданд.

You May Also Like..

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023»

Санаи 06.01.2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *