Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки фаъолонаи кормандон дар вусъати корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ

admin Чорабиниҳо

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди олии иқтисодӣ  баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва кабудизоркуни, шанбегӣ гузаронида шуд, кормандони суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чи тавре, ки аз марказӣ матбуоти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин шанбегӣ, ки бо таври ҳашар гузаронида шуд, гирду атроф, даромадгоҳ ва боғи назди бинои Суди Олии иқтисодиро тоза намуда, гирду атрофи дарахтонро нарм намуда аз алафҳои бегона тоза карда шуданд. Инчунин дар назди даромадгоҳи бино ва боғи назди бино гулҳои ороиши ва мавсими шинонида шуд, ки баъд аз нашъу намо назди бинои судро назаррабо мегардонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рузҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободои гузаронида мешавад.

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *