Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ваҳдати тоҷикон

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ваҳдати тоҷикон

Санаи 27 июни соли 1997 дар қасри Кремли шаҳри Москваи Федератсияи Россия, бо иштироки  намояндаи Созмони миллали муттаҳид Г.Меррем, аз ҷониби кишвари соҳибистиқлол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид.

Гуфтан боиси ифтихор аст, ки ин рӯзи муқаддас дар дили мардуми тоҷик як иди таърихӣ боқи мемонад. Дар он рӯз мардум ба майдони назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ҷамъ омада буданд, ки дар ин гулгашт гардиҳамоии калоне ба вуҷуд омад. Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инро хуб дарк мекарданд ва аз натиҷаҳои сулҳу доманадори тоҷикон суханронӣ менамуданд. Мардуми тоҷик он вақт интизорӣ шунидани сулҳ овардани роҳбари давлатро доштанд ва чунин ҳам шуд, дар навбати худ дар байни мардум Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми куҳанбунёди тоҷикро ба фаро расидани сулҳу субот самимона табрику таҳният гуфтанд.

Набояд фаромӯш кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикстон барои бастани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» нақши муҳимму арзандае бозид. Мо бояд хуб донем, ки маҳз ба шарофати ин Иҷлосияи бузург ба ҳаёти осоиштаву созандагӣ расидем. Бояд зикр намуд, ки рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистонамон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз ҳамин Иҷлосияи фаромӯшнашаванда, яъне  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикстон сарчашма мегирад.

Кушишу ғайрати Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам устувор гардонидани сулҳу субот дар Тоҷикистон саҳми арзандае буд, роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъияти сиёсиву иқтисодии ва фарҳангии мамлакат ҳамеша  аҳамияти бештар зоҳир менамуданд.  Аз ин лиҳоз санаи 28 ноябри соли 1999 бо қарори Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоҷикистон, Президенти давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои беҳамтову шоистаашон ба унвони Rаҳрамони Тоҷикистон сазовор гардиданд. Аз чунин ҳаёти ояндасозу тақдирсоз мардуми тоҷикро мебояд ибрат омӯхт, зеро ҳар порча хоки Ватан, ҳар як шуҷоату мардонагӣ, ҳар як гуруснагиву гумроҳӣ дар қалби мардуми тоҷик бояд ҳамеша боқи монад. Гуфтан ба маврид аст, ки баъзе ҷавонон аз он давраи тоқатфарсо хеле дур буданд, аммо баёдоварии сар задани ин нооромиҳо дар рӯҳияи баъзе аз ҷавонон таъсири худро гузошт. Мактаберо ки ба мо таърихи солҳои 90-уми асри гузашта, яъне асри 20 нишон дод, бояд шукр кунем, зеро миллат худ аз забон сарчашма мегирад ва чуноне, ки устоди бузургвор Лоиқ Шералӣ фармуданд:

«Заҳр бодо шири модар бар касе, ки ӯ забони модарӣ гум кардааст».

Котиби Суди иқтисодии ш. Душанбе

Султонзода Ҷ.С.    

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *