Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Маросими савгандёдкуни кормандоне, ки тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд.

admin Чорабиниҳо

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии хизматчиёне, ки тариқи озмун ба кор қабул карда шуданд, савганди хизматчии давлатиро ёд намуданд.

Дар ин чорабини, ки бо иштироки Роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисоди баргузор гардид, ду нафар корманди суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Азизов Сангалӣ Зафарович ва Зиёева Маҳина Исрофиловна, ки тариқи озмун ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ қабул карда шуданд, савганд ёд намуданд.

Хизматчиён дар савганди худ қайд намуданд, ки тибқи талаботи “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб менамоянд.

Роҳбарияти Суд онҳоро барои ба вазифаҳои нав таъин шудан табрик гуфта, ҳамзамон ба хизмати содиқонаю софдилона, ҳифзи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун, такмил додани донишу маҳорати касбии худ ва дар фаъолияти касбӣ роҳ надодан ба амалҳои коррупсиони, ки боиси паст задани шаъну шарафи хизматчии давлаӣ мегардад, ҳидоят намуданд.

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *