Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самари он дар таҳкими ҳокимияти судӣ – Баротзода Зумрат, Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлоли кишвари азизамон, ки ба шарофати он мо имрӯзҳо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконият фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаи бузург-27 умин солгарди Истиқололияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин ва муқаддамтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Ин рӯз барои миллату давлат санаи таърихӣ буда, озодии миллати тоҷик маҳз аз ҳамин сана сарчашма мегирад. Давлати ҷавони мо дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, имрӯз мардуми сарбаланди тоҷикистон дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.

Кишвари азизи мо, Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона, оқилона, сулҳҷуёна ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар давоми ин солҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баландро соҳиб ва машҳур гардид.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистони азиз дар натиҷаи ҷонбозиҳо ва заҳматҳои басо сангину азму талошҳои тӯлонии халқи озодихоҳи Ватан,   соҳибистиқлол гардида, иҷрои вазифаҳои муҳими таърихӣ ва басо пурифтихор, ҷиҳати бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷикон ба зиммаи халқ вогузор гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият аввалин шуда бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самти асосии пешрафти шохаҳои давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои исону шаҳрвандро мушаххас муайян намуд. Асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми бисту ҳафт сол бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузошта ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намудем, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Таъмин намудани рушди босуботи иктисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрӯз ҳадафи асосии Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ду даҳ сола барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба ватан баргардонидани қариб як миллион нафар фирориён ва ташкилу амали намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати азими шабонарӯзиро тақозо доштанд.

Кӯшишу талошҳои Пешвои миллат, дар ин солҳо бори дигар аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи ин абармарди бузург шаҳодат дода, ҳамаи моро водор месозад, ки аз ҳарвакта дида боз ҳам хубтару беҳтар кору фаъолият намуда, ҷашни дар пешистодаи ватани азизамонро бо дастовардҳои намоён истиқбол гирем.

Ҳамзамон бо ин, дар давоми солҳои зикргардида барои Тоҷикистон воқеан ҳам давраи дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, маҳз ин дигаргуниҳо барои ташаккули эҳсоси миллӣ, ватандустӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, шинохти тамаддун ва таърихи гузашта, инчунин тақвияти мақому манзалати инсон дар ҷомеа заминаи мусоид ва устувор ба вуҷуд овардааст.

Илова бар ин, дигаргуниҳою дастовардҳо вусъат бахшидан ба инкишофу таҳкими ниҳодҳои демократӣ, мустаҳкам кардани рукнҳои давлатдорӣ ва дар ин замина ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосии ҳар як фарди ҷомеа ва мақомоти дахлдори давлатӣ мебошад.

Дастрасии адолат ба аҳли башар аз роҳу равиши мухталиф ва бо роҳи фаъолияти мақомоти гуногуни мустақили ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Аз ҷумлаи мақомоти мустақили давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати аслу ҷавҳари адолат таъмин менамояд, нақш ва мавқеи рукни судии ҳокимияти давлатӣ муҳиму назаррас аст. Амалан адолати судӣ, ки аз тариқи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолат сурат мегирад, маҳз аз ҷониби ин рукни ҳокимияти давлатӣ татбиқ мегардад.

Беҳуда нест, ки талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи ҳокимияти судиро салоҳият додааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурият маҳдуд намояд, гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, кадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин манфиати қонунии шахсони ҳуқуқиро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин созад.

Татбиқи адолати судӣ яке аз роҳҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Давлати ҳуқуқбунёд рӯи усули волоияти қонун, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст, аз ин рӯ маҳз ҳокимияти судӣ он нерӯе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро бар уҳда дорад. Бо ибораи дигар ҳокимияти судӣ таъминкунандаи роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Зеро мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёдро наметавон бидуни таъмини  адолат, инсоф ва озодиву баробари тасаввур кард.

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 қайд намуданд: «Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва  амалисозандаи адолати судӣ мебошад. Фаъолияти судяҳо бояд чун мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амали намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулияти дар иҷрои ин рисолат амали норавост». Бо дарназардошти ин омилҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо, ҳокимияти судӣ бояд ба ҳолатҳои вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус диҳанд ва тибқи қонунҳои амалкунанда барои пешгирии онҳо ҳама вақт саъю талош варзанд.

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар асноди ҳуқуқи ба роҳ монда, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбари гирифта, ҷиҳати амалигардонии адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ тадбирҳо меандешад.

Тазаккур бояд дод, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар рушд ва такмили ҳокимияти судӣ Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бе восита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, нақши бузург бозиданд. Ҳокимияти судӣ, аз ҷумла судҳои иқтисодӣ дар тули 27 соли Истиқлолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи давлатҳои пешрафтаи дунё мутобиқ гардидаанд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармонҳоии Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  тасдиқ  гардидааст, дар такмили қонунҳои амалкунанда,  қабули  кодексу  қонунҳои  нав,  ташкили  сохторҳои  нави судӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани  вазифаи  коромӯз-судя,  амалӣ  намудани  дигар чорабиниҳои  соҳавӣ  ва  ниҳоят  дар  таҳкиму  тақвияти ҳокимияти  судӣ  нақши  назаррас   касб  намуд.

Дар баробари раванди барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва талаботи мақомоти судӣ ба кадрҳо, баҳри дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалкӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд бо Фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милоӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 июни соли 2016 таҳти №698, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, бо Фармонҳои дигари Сарвари давлат аз ҳамин рӯз таҳти рақамҳои №699 ва №700, сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ карда шуданд.

Дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Бо фармонҳои мазкури Пешвои миллат масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардида, тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти ҳокимияти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили иҳтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо минбаъд аз ҷониби Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар доираи талаботи Фармонҳои мазкур ва моддаҳои 9, 69, 84, 85, 86 ва 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки он рӯзи 23 июли соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат имзо гардида, аз 28 июли соли 2016 мавриди амал қарор дорад.

Мақсад аз қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар доираи як низом даровардани судҳои ҷумҳурӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва мусоидат ба фаъолияти мӯътадили онҳо буда, қабули ин тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида, сохтор ва нақшаи идоракунии Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дода шуда, минбаъд барои тартиби хоста гирифтан, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, интихоб ва таъин намудани судяҳо, бозхонд ва озод аз вазифаи судягӣ, синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, таъминоти босифати ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии судҳо оид ба амалбарории адолати судӣ таҳия карда шудааст, ки барои боз ҳам тақвият бахшидан ба салоҳият ва фаъолияти судҳо, дар таҳкими минбаъдаи шохаи мустақили ҳокимияти судӣ мусоидат менамояд.

Таҷрибаи судии кишвар собит месозад, ки аҳолии кишавар, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ ба судҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳуқуқҳои худро ҳифз менамоянд.

Илова бар ин, вобаста ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон дар муҳлати муқарраргардида ҷавобҳо омода ва ирсол гардида, парвандаҳо тибқи аризаи шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ оғоз гардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои қонунӣ ва асоснок, инчунин доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ қарорҳои қонунӣ, асоснок ва одилона  қабул гардидаанд.

Фаъолияти кории мақомоти ҳокимияти судӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хубтару беҳтар гардида, ба ҳимояи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона карда шудааст.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ба мо халқи тоҷик имконият фароҳам омад, ки баъди ҳазор солаҳо асолату ҳуввияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои некии миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори миллӣ-эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, яъне ҷомеаи навини давлати сохибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрузу фардо эҳё намоем.

Дар ин фосилаи кутоҳи таърих, халқи тоҷик тавонист, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро бо роҳбарии Пешвои миллат, мустаҳкам намуда, дар остонаи омодаги ба ин ҷашни бузург боифтихор гуфта метавонем, ки мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро бо меҳнати созанда ислоҳ карда, дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Дар охир ҳамаи ҳамватанони азизро бо ин ҷашни бузургу муқаддас табрику муборак бод намуда, ба ҳамаатон бахту саодат ва осудагию оромӣ таманно дорам.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *