Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат – маърӯзаи Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ассалому алейкум ҳозирини гиромӣ ва ҳамкасбони муҳтарам. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо ҳозирин ва ҳамкасбони гиромиро қаблан бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, бароятон тани сиҳат рўзгори обод, табъи болида ва дар иҷрои  вазифаи пурмасъулият комёбиҳо орзумандам. Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳамаи мо меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд!

Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам қабул карда шуданд, ки имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем.

Таърихи башарӣ шаҳодати он аст, ки халқҳои гуногуни ҷаҳон дар қатори дигар муқадассоти миллии худ, Парчами миллиашонро бо арҷгузории хоса ҳамчун яке аз нишонаҳои давлатдорӣ қадрдонӣ намуда, ба мисли гавҳараки чашм ҳифз менамоянд. Дар партави Парчами худ миллатҳо хоку замини Ватанашонро аз ҳуҷуми аҷнабиёни истиллогар муҳофизат намуда, чи дар рӯзҳои фараҳбахши идона ва чи дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ зери Парчам гирд омада, аз фараҳи он илҳом гирифта, ба рӯзҳои хубу беҳтар расидаанд. Дар ҳимоя ва ҳифзи Парчам чи қадар ҷонбозиҳо карда шуда, ҷонҳо нисор гардидаанд, лекин Парчам ва сарзамину диёри Ватан ба ихтиёри душман дода нашудааст.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон низ бо эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ Парчами худро бо иродаи қавии худ қабул карда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун муқаддасоти миллӣ ҷой дода онро дар тули 27 соли даврони соҳибихтиёрӣ таҳти сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ин муққадассоти миллӣ ба пешравиҳое ноил гардид, ки аз ҷониби оламиён шинохта шуда, ҳангоми садо додани суруди миллӣ ва бардоштани Парчами давлатӣ ба халқи тоҷик эҳтиром ба ҷо оварда мешавад.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, инъикос ёфта буданд. Баъдан, 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад. Яъне пештар низомномаҳои марбут ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатиро дар алоҳидагӣ муайян мекарданд, вале қонуни мазкур ҳар се рамзҳои асосии давлатии Тоҷикистонро дар якҷоягӣ муқаррар мекунад.

Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди Миллиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Боиси ифтихори умумимиллӣ аст, ки зимни сафарҳои расмии Президенти мамлакат дар кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ Парчами Тоҷикистон бардошта шуда, Ватани мо дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон қадрдонӣ мегардад.

Маҳз бо парафрохтани Парчами миллӣ дар бинои Созмони миллали муттаҳид дар баробари зиёда аз 100 давлати дунё Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста ва эътироф гардидааст.

Бо назардошти дар аркони давлатдорӣ нақши ниҳоят пуршараф доштанаш, 24 ноябр ҳамчун Иди миллӣ, рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид, ки бо як ҷаҳон фараҳу шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ куллӣ мардуми Тоҷикистон ин ҷашнро таҷлил менамоянд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки давлату Ҳукумати кишвар ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24 ноябрро ҳамчун Рўзи парчам эълон доштааст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикоти худ бахшида ба Рўзи Парчами давлатӣ зикр намуда буданд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».

Парчами давлатӣ барои мо-тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.Зери ин ливои баҳамоварандаи миллат мо дар муддати кўтоҳ ба низову даргириҳои дохилӣ хотима бахшида, ба оромии ҷомеа ва рушди соҳаҳои мухталифи давлатдориамон мушарраф гардидем.

Дар тамоми гўшаву канори кишвар ин Парчам парафшон шуд. Рангҳои сурху сафеду сабз чун бахту толеи тоҷикон ҷилои тоза гирифта, роҳамонро ба сўи Ваҳдати миллӣ равшан сохтаанд.

Кадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрўз ва ғамхорӣ фардои халқ аст. Вай яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистолн рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдусти, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи фардо ва лоиқи эҳтироми ҳар як шахс мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро возеҳу равшан инъикос намудааст, ки тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳамзамон тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонуни мазкур ба танзим дароварда шудааст, ки тибқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:

– дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти  идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

Бори дигар, Шуморо ҳамкасбони муҳтарам бо ин рӯзи муқаддас табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодати оилавӣ, барори кор дар амалӣ намудани адолати иҷтимоӣ, орзуҳои нек ва дар фазои осоиштаи Ватани маҳбубамон парафшонии Парчами миллати моро таманно дорам.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *