Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар мизи мудаввар вобаста ба рӯзи парчами давлатӣ

admin Баромадҳо, Чорабиниҳо

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашнгириии Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Парчами давлатӣ – муаррифгари миллат» мизи мудаввар доир гардид., ки дар он Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З ва кормандони суд иштирок намуданд. Мизи мудавварро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода А.С. ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанавор табрик гуфтанд.

Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ махсусан қайд намуданд, ки Парчам рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор  ва нангу  номус буда, имрӯз ин рисолатро баёнгар аст. Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун рамзи давлатдории тоҷикон муаррифӣ шудааст. Тавре аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, “Арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатдории навин, хоса ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як  шаҳрванд аст, зеро Парчам яке аз рамзҳои  истиқлолият,  ҳастии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад”.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму ирода бо тобиши се ранг ранги сурх-озодию истиқлол, ранги сафед-сулҳу суббот, ранги сабз-ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарин соҳибдавлатӣ бо ҳафт  ситораи  дурахшон бори дигар  аз мавҷудияти  тамаддуни  фарҳанги бостони тоҷикон, пайкори созандагиву  асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои  ватанхоҳию қаҳрамониҳоҳии родмардони сарзаминамон  башорат медиҳад.

Дар идомаи мизи мудаввар Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З дар мавзӯи “Парчами давлатї – муаррифгари миллат” баромад намуданд.

 

You May Also Like..

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор медиҳад ва дар ин […]

Эҳ ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост!.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Таърихи башар гувоҳи он аст, ки давлатҳо дар натиҷаи муборизаҳову талошҳо баҳри ҳифзи тамаддун ва неъматҳои мавҷуда ба муваффақияту дастовардҳои […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *