Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Оғози машғулиятҳои семинари дар соли 2019 дар Суди Олии иқтисодӣ

admin Чорабиниҳо

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2019 ва Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2019 машғулияти семинари гузаронида шуд.

Машғулиятҳои семинарӣ бо судҳо ва кормандон дар алоҳидагӣ гузаронида мешавад.

Семинари машғулиятии судяҳо бо раисии муовини  якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор баргузор гардид, Дар семинар аввали шуда раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З. дар мавзӯи Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 баромад намуд. Дар идома судяи Суди Олии иқтисодӣ Темурзода Ш, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З, ва судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т. дар мавзуъҳои гуногун баромад намудан. Инчунин муҳокимаи сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ (ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ дар 11 моҳи соли 2018) ба роҳ монда шуд.

Семинари машғулиятии кормандони дастгоҳ бо иштироки Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисоди Қаҳҳорзода Ҷамшед, сардори Раёсат Асрорзода Зуҳуриддин ва кормандон гузаронида шуд, ки дар он доир ба мавзуҳои гуногун мубоҳисаҳо намуданд.

Машғулиятҳои семинарии мазкур мувофиқи нақшаи тасдиқшуда охири ҳар моҳ гузаронида мешавад.

soi.tj

You May Also Like..

Тарзи истифодабари ва коркарди ҳуҷҷатҳо бо мақсади гузаштан ба низоми коргузории электронӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *