Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мавкеи занон дар татбики сиёсати ичтимоии давлат – маърӯзаи Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ як воқеаи муҳим дар ҳаёти сиёсӣ, маънавӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат маҳсуб мешавад. Дар он аз ҷумла оид ба фаъолияти занону ҷавонон ва саҳми онҳо дар бунёди давлати соҳибистиқлол сухан рафтааст.

Зан-Модар ана дар ҳамин ду калимаи ба дил наздик тамоми хушиҳои олам нуҳуфтааст. Бо модар зиндагии шахсе хуш асту хотираш ҷамъ ва дилаш моломоли муҳаббат аст. Зеро модар тарбиятгари аҳли башар буда, маҳз тавассути суруди аллааш, афсонаҳояш, қиссаҳояш ҷаҳони моро ҷиллои дигар мебахшад. Зан ва зебоӣ ду мафҳуманд, ки бе ҳастии якдигар гӯё вуҷуд надоранд. Зан ва ҳунар ба мисли гушту нохун аз азал бо ҳам пайванданд. Зан ва фарҳанг амсоли ду паҳлӯи як чизанд, ки бе ҳам будан комилиятро аз байн мебардорад. Бале, зан офаридаи олии осмонист, ки бо зебоии ақлу ҳунари воло ва фарҳанги бемислаш зиндагии моро нуру сахои хосса мебахшанду барои рангинии ҳаёт аз олами пур зи фасонаи тахайюлоти бемислаш намунаҳо меорад. Зани тоҷик аз азал ҳунарманд буда, тавассути ҳунари волояш ба ҷаҳон ном

баровардааст.

Ҳамин нуктаҳо боиси он гаштааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи занон

диққати махсус зоҳир мекунанд. Дар Паёми имсолаашон, ки дар арафаи соли нави мелодӣ 26 декабри соли 2018 ба тамоми мардуми кишвар ирсол гардид, гуфта шудааст, ки «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ як  қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амали гардида,  барои фаъолияти  занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.

Пешвои миллат дар радиф аз зиёд гаштани шумори занон дар сохторҳои хизмати давлатӣ изҳори хушнудӣ намуданд, зеро имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Он кас бо боварӣ изҳор намуданд, ки ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузургӣ ҷомеа эътимоди комил доранд. Зеро зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

 

Ба ин хотир,  Пешвои миллат масъулияти ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузоштан, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намуданро ба зиммаи мардон вогузор карданд.

Ҳамзамон аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал оварда шуд, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳангӣ миллиамонро ҳифз намоянд. Зеро модарон қувваи бузург доранд, ки фарзандонро ба гуфтаи худ моил кунонанд.

Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд.

Дар охири сухан бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат намуданд ва аз онҳо хоҳиш карданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эътимод карданд, ки насли наврас давомдихандагони кору пайкори насли калонсол буда, ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти онҳост.

Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва зиндагии озоду осуда ба cap барем. Ин неъмати бебаҳо ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон, бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доимо зираку ҳушёр бошем, то қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ба таври сазовор адо намоем. Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз пайваста талош дорад, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлонаи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ шароити мусоид фароҳам оварад.

 

Ба диккататон ташаккур!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *