Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Табрикоти Наврузӣ

admin Без рубрики

Баҳор ояд кушояд ғунчаи гул.

Равад шоми ғаму андуҳи булбул.

Шаби ту доимо чун рӯз бошад

Баҳори умри ту фиӯз бошад.

Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷикзабонони тамоми сайёра мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои «Рӯзи нав» ва «Тозагӣ»-и омадааст. Рӯзи нахустини  аввали рӯзҳои сол яъне, рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайхони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул боқия» аз забони Али бинии Яҳё навиштааст, ки рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст. Чунки дар ин рӯз офтоб ба хатти устувор меояд ва шабу рӯз баробар мешавад.

Рӯзи якуми фарвардинро рӯзи якуми баҳор-саршавии киштукор бедоршавии табиат, олами наботот такмили дунёи нав медонистанд.

Бояд гуфт, ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурусти маълум нест, аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва кӯҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои кӯҳан аз ҷумла дар китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсии Тусӣ, таърихи табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хаём бармеояд, ки шоҳ Ҷамшед ва Каюмарс ба унвони поягузорони Наврӯз муарифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ба ин гунна ривоят шудааст,  ки шоҳ Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз  кишвари Озорбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш ба тахти заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи зарини ӯ, чаҳон нурони шуд ва мардум шодмони карданд ва он рӯзро Наврӯз номидаанд, ва дар «Шоҳнма» чунин дарҷ шудааст.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд

Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.

Тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини форс ба соли 538 пеш аз мелоди яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз Куруши Кабир Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард.

Куруши Кабир дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон фармоиш дод, аз ҷумла поксозии маконҳои ҳамагонӣ,  хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишиҳо низ баргузор мешудаст.

Замони Дорои-1 маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албата дар сангнабиштаҳои ба ҷо монда аз даврони Ҳахоманишиҳо ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯи ин сангнавихштаҳо нишон медиҳад, ки мардум дар даврони онҳо бо  ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Нарӯзро бо шукуҳи бузурге ҷашн мегирифтанд.

Санадхои таьрихи шаҳодат медихад, ки Дорои-1 ба муносибати Наврӯз сикае аз ҷинси тилло зарб намуд,  ки дар рӯи он сарбозе дар ҳоли тирандози нишон дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҷашни Наврӯз ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори қадим то  ба замони мо расидаанд.

Дар замони мо пеш аз ҳама кӯдакон дар саршавии фасли баҳор ва Наврӯзи ҳуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоваранд, духатарон либосҳои миллӣ ба бар карда дастурхони Наврӯзи ороста мекунанд ва шеъру ғазалхони намуда, рамзи Наврӯзи хуроки Суманакро омода менамоянд .

Дастурхони Навӯзи асосан аз «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин» иборат аст. Ба дастурхони ҳафтсин сабза, себ, санҷид, сабзӣ  самбӯса, сипанд, сирко ва ба дастурхони «Ҳафтшин» бошад шир, шона, шамъ, шарбат, шакароб, шакар, ширбиринҷ, инчунин баъзе таъомҳои Нарӯзи дохил мешаванд.

Дар рӯзи ҷашни Нарӯз мардумон ба сайру гашти саҳрои сабзапуши ватанамон мебароянд. Аз ҳавои софу беғубори Ватани азизамон  баҳра  мегиранд. Шеъру сурудхони намуда базму тараб барпо менамоянд ва бо ҳама расму русумаш Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари  азизи мо сол то сол дар фазои суҳу ваҳдат ва осоиштагӣ барпо мегардад.

Бо пешниҳоди пешвои миллат асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон., ҷашни Наврӯз аз санаи 19-уми феврали соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаеро қабул кард, ки тибки он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалро касб намуд. Иди   Наврӯз соли 2009  аз ҷониби   Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмааи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид»,  аз санаи 21.07.2010, таҳти рақами №611, рӯзҳои 21 март-24 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта шавад.

Боиси ифтихори милат аст, ки  ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол дар фазои ваҳдату сулҳпарвар барпо мегардад. Наврӯз, ки Иди байналмилалӣ эълон шуд, ҳамакнун чун ҷашни фархунда дар тамоми ҷаҳон бо як шукӯҳи шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. Наврӯз нишонаи рӯзи нав покию беғуборӣ, дустию ҳамдилӣ ва Иди сафову эҳёи табиат аст.

Наврӯз инчунин ба иди варзишгарон  низ табдил меёбад. Дар он як қатор мусобиқаҳои варзишӣ аз ҷумла гӯштингирию бандкашӣ, аспдавонию бузкашӣ ва дигар бозиҳои, ки дар байни мардум роиҷанд баргузор карда мешавад.

Ҳамватанони азиз ва тоҷикзабонону форсзабонони тамоми Сайёра! Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи кормандонӣ Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳамаи Шумоёнро ба ҷашни Наврӯзи байналмилали табрику муборак бод намуда, ба шумоён пеш аз ҳама саломати умру дароз, бахту саодат, хонаи обод, фарзандони солеҳ тамано менамоям. Ва дар кору фаъолияти пешанамудаатон бурдбори ва комёбихои нав ба нав орзумандам. Бигузор фазои Кишвари сулҳпавари мо доимо софу беғубор, тенҷиву амони ҳукумфармо бошад.

 

Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муаатар,

Аз бӯи гулу сабзаву райҳону санавбар.

Ҳар рӯзатон Навӯз бод, Наврӯзатон фирӯз бод.

Ташаккури зиёд ба диқататон.

 

Команди Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *