Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалии

admin Вохӯриҳо, Хабарҳо

Санаи 19 апрели соли ҷорӣ дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилалии назди Кумита баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба ташрифи ҳайати коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ барои ҷамъоварии маълумот оид ба дастовардҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар кори ҷаласа Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистион Мирзозода Парвиз ва судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода Зулфия иштирок намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бо мақсади баланд бардоштани мавқеи кишвар дар арзёбиҳои байналмилали дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи кории салоҳиятноки доимамалкунанда таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки 22-26 апрели соли 2019 ташрифи коршиносони Бонки Љаҳонӣ барои аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо дастовардҳои ислоҳот дар кишвар дар назар аст. Бинобар ин, ҳамаи мақомоти дахлдори давлатӣ љиҳати дар сатҳи баланд қабули коршиносон ва муаррифии дастовардҳои ислоҳот ба онҳо ҳамаљониба бояд мусоидат намоянд.

Суди Олии иқтисодӣ, ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо дастгирии шарикони рушд љиҳати автоматикунонии кори судҳо ва баланд бардоштани сифати мурофиаи судӣ тавассути љорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини имконияти пешниҳоди электронии ариза барои баррасии ҳалли баҳсҳои тиљоратӣ ва ирсоли аризаи шикоятӣ ба љавобгар, дастрасии васеъ ба қарорҳои судӣ дар рўзномаҳои махсус ва сомонаи интернетии суд, љоринамоии низоми идоракунии электронии иттилоот, ки дастрасии судяҳо ва адвокатҳоро ба маълумот оид ба таљрибаи судӣ, ташкили рељаи автоматии љадвали баррасии ҳамаи парвандаҳои тиљоратӣ, дастрасӣ ба намунаи ҳуљљатҳои ба суд пешниҳодшаванда, пайгирии ҳолати баррасии парвандаҳо, шиносоӣ ва корбарӣ бо ҳуљљатҳои парванда, шиносоӣ бо қарорҳои судӣ оид ба парвандаи муайянро таъмин менамояд, тадбирҳои мушаххас амалӣ менамоянд.

You May Also Like..

РУЙХАТИ ПАРВАНДАҲОИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ҚАРОР ДОШТАИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1-14/24 С/И Садуллоев Хуршед Гулмуродович ҶДММ “Соро Компания” Оид ба руёнидани зарари модди ба маблағи 3 352 657 сомонӣ 04.12.23 05.03.24 С […]

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *