Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

“Муқовимат бо терроризм ва ифротгарои дар ҷаҳони муосир” – Саидзода З.С., Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалй ва минтақавй ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгарой ба хатари бесобиқаи ҷаҳонй табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсй ва маънавиро ба бор меорад.

Терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалй табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистй ва террористй дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалй, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷй мусоидат менамояд.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористй садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавй Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалй намуда истодааст.

Ҳамин аст, ки бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии муқовимат бо терроризм ва ифротгарой барои давраи солҳои 2016-2020» ба тавсиб расид, ки алҳол тамоми идораю вазоратҳо новобаста аз шакли тобеъият аз болои ин ҳуҷҷати муҳим Нақша- чорабиниҳои худро таҳия намудаанд.

Дар ин миён саволе пайдо мешавад, ки терроризм ва ифротгароӣ чиро мегуянд ва террористу ифротгаро кистанд?

Дар моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинй гардидааст: – «Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсй, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятй, тарсондани аҳолй ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» бошад, «Ифротгароиро

ҳамчун зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқй ва воқей дар шакли амалҳои номатлуб инъикос ёфтае маънидод мекунанд, ки ба бенизомй тағйири сохти конститутсионй дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он барангехтани низоъи нажодй, миллй иҷтимой ва динӣ даъват мекунад».

Барои мубориза бар зидди ифротгарой дар баробари меъёри ҳуқуқии дар Конститутсия омада инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тамоми чораҳои қонуниро меандешанд, ки мардуми кишварро аз ифротгарой ва ифротгароён ҳимоя иамоянд.

Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмилалй, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шуданд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгарой» қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионй, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин робита, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олй, муҳтарам Эмомалй Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонй борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!».

Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худй” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгарой ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумй таҳия ва қабул карда шаванд.

Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном “Давлати исломй”, “Ал- Қоида”, “Толибон”, «Ҳизб ут таҳрир» ва монанди инҳо илова ба проблемаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар хоки давлати ҳамсояи мо – Афғонистон – моро водор месозад, ки атрофи масъалаи мазкур диққати махсусро равона созем.

Танҳо дар қаламрави давлати ҳамсояи мо, Афгонистон соли 2017 бар асари ҷашу амалҳои террористй беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Боиси таассуф аст, ки 32 фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.

Мутаасифона, ин падидаҳои номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонй касб намуда, пеши роҳи онҳоро гирифтан хеле мушкил гаштааст. Далели ин 1уфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблй дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагй 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломй” ва дигар 1урӯҳҳои террористй ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат мушоҳида мешавад.

з

 

Аз рӯи маълумоти дастраси васоити ахбори омма шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид. Хушбахтона, дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористй як қисми онҳо нобуд карда шуданд.

Имрӯз ахди ҷомеаи кишварро саволе тагцвиш медиҳад, ки «Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кадомҳоянд?» Чаро омилҳои динй дар ин гуна гароишҳо муассир ва фаъол мебошанд. Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимой бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимой ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд. Ҳамзамон таҷрибаи касбии кормандони мақомоти қудратӣ ва судй чандин ҳолатҳо ва сабабҳои ба гурӯҳҳои террористй гаравидани ҷавононро муайян кардааст:

  • Яке аз воситаҳои асосии пайвастани ҷавонони Тоҷикистонй ба ин раванди ғайри инсонй муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Муҳоҷират имрӯз равандест, ки дар баробари оқибатҳои гуногуни иҷтимой, иқтисодй ва сиёсӣ доштанаш, яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонони гумроҳанд, ки ба ин гурӯҳу равияҳои террористй шомил мешаванд. Намояндагони гурӯҳҳои террористй дар навбати аввал бо чунин шахсиятҳои гумроҳ сарукор гирифта бо роҳи фиребу найранг, бо роҳи ҷалби пинҳонй эътиқоди онҳоро, зери ниқоби афзалиятҳои динй зоҳир мегардонанд.
  • Ҳолати дигар дар он аст, ки ҷалби бархе аз ҷавонони Тоҷикистон ба таълимоти ғайри расмии динй дар хориҷи кишвар чун қоида яке аз сабабҳои шомил шудани онҳо ба ташкилотҳои экстремистию террористй мебошад. Ҷавонон сараввал барои гирифтани таълимоти динй ба кишварҳои хориҷй, бахусус ба давлатҳои Ховари миёна сафар намуда, баъдан аз ҷониби эмиссарҳои ташкилотҳои террористй ба таълим дар марказҳои таълимии ҳарбй ҷалб гардида, ба амалиётҳои ҷангй дар сафҳои ташкилотҳои террористии «Давлатҳои исломй» сафарбар мешаванд.

Қисми зиёди сокинони ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд дорои хислатҳои неки инсонӣ бошанд, ба хусус босавод, боинтизом, бомаърифат, масъулиятшинос ва дар ҳамаи корҳои ҷамъиятй фаъол бошанд. Чунки посдорандаи миллату давлат ҳамин ҷавонон мебошанд. Аз ҳамин сабаб Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалй Раҳмон шиори “Ҷавонон ояндаи миллат”-ро дар маркази суханрониҳояшон қарор дода, соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карда буданд, ки ин боз ҳам рӯҳияи ҷавононро баланд бардошта, барои пос доштани арзишҳои миллй ҳисси онҳоро бедор кард.

Дар охир гуфтанй ҳастам, ки имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрй ва мустақилият барои мо дастовардҳои бузурги сиёсй ва иқтисодиро ато намудааст мо кормандони мақомоти Судиро зарур аст, ки барои пешгирй ва аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимой, сиёсй ва иқтисодй омода бошем. Воқеан, давлати азизи мо зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон дар сафи пеши мубориза бо ин падидаҳои номатлуб қарор дорад ва ин масъулияти ҳар яки моро боз дучанд мегардонад.

Давлат ва ҳукумат аз мову Шумо, боварй ва эҳтироми хоса доранд ва мо кормандони мақомоти Судй бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *