Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАСТОВАРДИ БЕҲТАРИ ТОҶИКОН – Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Файзов Ф.Ф.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ватандори далери ман, нигоҳе кун ба таърихат,

Ки рӯзе ифтихори дудмони Осиё будӣ,

Зи тӯфонҳои даҳшатноки хорокан натарсидӣ,

Ба по афтода чун куҳи банадат ҷо ба ҷо будӣ,

Ба барқи назаву шамшер шабҳо ҷо ба ҷо будӣ.

Вахдат — беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, асоси тахкими давлату давлатдорӣ, начоти миллат, рушди точикон, нумуи даврон, хастии инсон дар хар давру замон аст.

Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо дар фазои сулҳу вахдат ва якдигарфахмӣ истиқлолияти кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор кардан мумкин аст.

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар бораи ваҳдат қайд намуданд «Хар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, ки  дарахт соле як маротиба хосил медихад. Аммо нихоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, чомеаи мо аз он бахравар гардид, мо харгиз рох, намедихем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Парокандагии миллӣ, паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон воқеан даҳшат ва хатари азиме буд.Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзҳои боронӣ синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбари давлати тоҷикон ба ӯҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам » буд.
Дарвокеъ, ин шахси ватандӯсту қавиирода тавонист орзуву ормони  тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Маҳз бо шараофати меҳнату заҳматҳои ӯ миллати парокандаву парешон сарҷамъ гардида, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Ӯ тамоми тоҷикони дунёро даъват ба ваҳдату сарҷамъӣ  намуд.  Ин рӯзҳо ҳамчун саҳифаи рангини халқи тоҷик дар саҳифаҳои таъхир бо ҳарфҳои заррин иншо гардиданд. Ин шахсияти таърихӣ замоне по ба асраи ҷаҳонӣ ниҳод, ки ҷомеа тоҷик беш аз пеш ниёз ба он дошт. Бо фидокорию қаҳрамониҳои беназири халки тоҷик бо  роҳбари худ Эмомалӣ Раҳмон  ояндаи торики халқ равшан гардид.

Дар ин асно сарвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо  дарки маънии оқибатҳои идомаи ҷанг дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд. Санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд ва ҳодисаҳои гузашта ба насли оянда сабақ аз таърих гардид.

Махз бо кушишхои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд. Имрӯз дар чехраи хар фарзанди точик нишоту хурсандист, вахдату сулх падидор аст.

 

Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Файзов Ф.Ф.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *