Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10 амалиёти об барои рушди устувор – Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зиёева М.И.

admin Без рубрики

Дар ҷаҳони муосир талабот ба захираҳои табиӣ рӯз то рӯз меафзояд. Солҳост, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист маҳз ба ҳамин манбаи ҳаёт иртибот доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои хеш ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об боқӣ мемонад

Тоҷикистони азиз дар зарфи чанд соли истиқлолият ба даст овардан дар тамоми соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, феълан мақоми шоистаро дар радифи кишварҳои мутараққии олам касб намудааст.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоли моро дар арсаи олам ба хубӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Бояд қайд кард, ки нахустин маротиба дар таърихи миллат Пешвои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи минбари бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид бо забони ноби сифр тоҷикӣ баромад карда, ҷаласаро раисӣ намуд.

Аз ҷумла, 17 – уми марти соли 2003 Президенти мамлакат дар Анҷумани ҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои истифодаи оқилонаи об, ки дар шаҳри Киотои Ҷопон баргузор гашт, нутқи пурмуҳтаво намуда, бори дигар манбаи ҳаёт ва беҳтарин муъҷизаи табиат будани обро ёдовар шуданд.

Баъдан, дар доираи ин даҳсола инчунин ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкории об дастгирии ҳамаҷонибаи худро ёфт.

Пешниҳоди эълон доштани солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ва 22 – юми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қатъномаеро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии “Об барои рушди устувор” оғоз мебахшад, қабул намуд. Ин барнома аз соли 2018 то соли 2028 идома меёбад. Қатъномаро 190 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳадаф аз эълони даҳсолаи нав бо андешидани тадбирҳо, кӯшишҳои ҷадид баҳри ҳалли масоили марбута ва мушкилоти ҷойдошта идома бахшидани даҳсолаҳои сипаригардида ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тариқ, зиёда аз 4 маротиба бо ташаббуси Пешвои миллат чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили беҳдошт ва захираҳои оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтанд.

Бар замми ин дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани чорабиниҳои сатҳи баланд доир ба масоили оби нӯшокӣ аз қабили шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи ҷараёни баргузории Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” дар моҳи июни соли 2010, Конфаронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об моҳи августи соли 2013 ва Конфаронси байналхалқӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” моҳи июни соли соли 2015 гувоҳи гуфтаҳои болоянд, ки роҷеъ ба иҷроиши даҳсолаҳои эълонгардида мисол шуда метавонанд.

Сардори давлати мо зимни баргузории конфаронси мазкур зикр карда буданд, ки: нархи об дар ҷаҳон аз нархи нафту газ боло меравад.

Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Зеро масъалаҳои экологӣ, бахусус, масоили вобаста ба об дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Бояд хотиррасон кард, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки манбаи нуру рӯшноист.

You May Also Like..

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13,  мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №9, мод. 238; […]

Баҳри тоҷик

Баҳри тоҷик (собиқ обанбори Қайроққум) – дар Сирдарё, вилояти Суғд ҷойгир аст. Ҳаҷми Баҳри тоҷик: дарозиаш қариб 65 км; васеъгиаш […]

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *