Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлолият ва нақша он дар таҳкими ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Шишаи мо санги хоро бишканад,

Хомии мо пухтаҳоро бишканад.

Он қадар соғар шикастем аз алам,

То тилисми як муаммо бишканад.

Сад дилу сад дасту по бишкастаем,

То ки садди роҳи фардо бишканад.

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлоли кишвари азизамон, ки ба шарофати он мо имрӯзҳо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконият фароҳам оварда, дар остонаи таҷлили санаи бузург-28 умин солгарди Истиқололияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин ва муқаддамтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи  ҳар фард ва олитарин дараҷаи  бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишварамон Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки бисту ҳашт  сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

Ба арсаи сиёсат шахсияте омад, ки дастовардҳои минбаъдаи ишвар ба номи ў иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рўзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди  барўманди  халқ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият тағйироти қуллӣ ба амал омада, пули миллӣ ба муомилот баромада шуд. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерўҳои сарҳадиро таъсис дода, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доимӣ гирифтем. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 қайд намуданд: «Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва  амалисозандаи адолати судӣ мебошад. Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амали намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулияти дар иҷрои ин рисолат амали норавост.

Тазаккур бояд дод, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар рушд ва такмили ҳокимияти судӣ Барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бе восита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидаанд, нақши бузург бозиданд.

Ҳокимияти судӣ, аз ҷумла судҳои иқтисодӣ дар тули 28 соли Истиқлолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи давлатҳои пешрафтаи дунё мутобиқ гардидаанд.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки бо Фармонҳоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохторҳои нави судӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба монанди коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсис додани вазифаи коромӯз-судя, амалӣ намудани дигар чорабиниҳои соҳавӣ ва ниҳоят дар таҳкиму тақвияти ҳокимияти судӣ нақши назаррас касб намуд.

Дар баробари раванди барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва талаботи мақомоти судӣ ба кадрҳо, баҳри дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои наве, ки дар натиҷаи раъйпурсии умумихалкӣ рӯзи 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти сохтории судии кишвар ворид карда шудаанд бо Фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милоӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09 июни соли 2016 таҳти №698, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуда, бо Фармонҳои дигари Сарвари давлат аз ҳамин рӯз таҳти рақамҳои №699 ва №700, сохтори дастгоҳ, нақшаи идоракунӣ ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ карда шуданд.

Дар Тоҷикистон ҳокимияти судии мустақилу беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши муҳим дорад, аз ин рӯ ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Бо фармонҳои мазкури Пешвои миллат масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл доштанд, минбаъд дар доираи ислоҳоти сохторӣ мутаносибан ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардида, тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти ҳокимияти судӣ, таъмини моддию техникии ин сохтор, таъминоти кадрӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони судҳо, назорати судӣ аз болои фаъолияти судҳо, ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо минбаъд ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вогузор гардид.

Дар доираи талаботи Фармонҳои мазкур ва моддаҳои 9, 69, 84, 85, 86 ва 89 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки он рӯзи 23 июли соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат имзо гардида, аз 28 июли соли 2016 мавриди амал қарор дорад.

Мақсад аз қабули тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар доираи як низом даровардани судҳои ҷумҳурӣ, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ва мусоидат ба фаъолияти мӯътадили онҳо буда, қабули ин тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида, сохтор ва нақшаи идоракунии Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил дода шуда, минбаъд барои тартиби хоста гирифтан, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, интихоб ва таъин намудани судяҳо, бозхонд ва озод аз вазифаи судягӣ, синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, таъминоти босифати ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии судҳо оид ба амалбарории адолати судӣ таҳия карда шудааст, ки барои боз ҳам тақвият бахшидан ба салоҳият ва фаъолияти судҳо, дар таҳкими минбаъдаи шохаи мустақили ҳокимияти судӣ мусоидат менамояд.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ба мо халқи тоҷик имконият фароҳам омад, ки баъди ҳазор солаҳо асолату ҳуввияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои некии миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори миллӣ-эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, яъне ҷомеаи навини давлати сохибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрузу фардо эҳё намоем.

Дар ин фосилаи кутоҳи таърих, халқи тоҷик тавонист, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро бо роҳбарии Пешвои миллат, мустаҳкам намуда, дар остонаи омодагӣ ба ин ҷашни бузург боифтихор гуфта метавонем, ки мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро бо меҳнати созанда ислоҳ карда, дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

Ибтидои ваҳдати мо, рӯзи истиқлоли мо,

Иди истиқлоли фардо, шавқату иқболи мо.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Файзов Ф.Ф.

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *