Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Забон ҳастии миллат.

admin Баромадҳо

Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯзад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад. 

Забони тоҷикӣ, ки дар Эрон Форсӣ, ва дар Афғонистон Дарӣ номида мешавад забони тоҷикӣ, забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон,Эрон ва Афғонистон аст ва дар Ӯзбекистон забони аксарияти тоҷикзабонони Ӯзбекистон мебошад. Забони тоҷикӣ  ба хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Ба забони тоҷикӣ зиёда аз 44 миллион нафар инсонҳои олам ҳарф мезананд. Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузурги форсу тоҷик ба монанди А.Рӯдакӣ, А.Фирдавcӣ, У.Хайём, Сино, А.Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, С.Айнӣ, А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода ва дигар шоирону нависандагон асарҳо эҷод кардаанд. Забони точикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони форсӣ-точикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва Садҳо вожаҳои нав ба тарқиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд. Забони тоҷикӣ забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад, ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳалли дар бархе аз ноҳияҳои кишвари Узбекистон ба ҳайси забони модарии xеш мешиносанд ва ҳамчун воситайи гуфтугузори ҳарруза истифода мебаранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон ҳарф мезананд. Тайи солҳойи охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гушаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Руссия, дар шаҳрҳои Эрон, Туркия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Канада шунидан мумкин аст. «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омухтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони ғайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эҳсос намояд. Имрузҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳонӣ омухта мешавад. Имрузҳо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаълумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва қавми тоҷик манфиати хуб меорад. Имрузҳо дар чумҳурии азизамон сафоратхонаҳои зиёди давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд, ки ҳамкориҳои байналхалқии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳо чонибдорӣ мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонӣ ва робитаҳои зиёди давлатҳо огаҳӣ медихад. Забондонист, ки имрӯзҳо фардияти тоҷик бо ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстӣ дорад. Ба сафарҳо мебарояд. Мусиқии мардуми тоҷикро ҷаҳониён гӯш меандозанд, ҳаловат мебаранд. Фарзанди миллати тоҷик кормандони бузурги давлатҳои тараққикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони тоҷик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд.

Фарзандонашон дар мактабҳои онон таълиму тарбия мегиранд. Имрӯз дар гуфтор мардуми тоҷикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест маҳол. Фарди тоҷик дар гуфтугӯй бо мардуми эронинажод кариб, ки баробаранд. Фарзанди тоҷик бо забонҳои англисӣ, немисӣ, руссӣ, чехӣ озодона дар гуфтугуянд.  Ин албатта, фахри давлату миллати тоҷику Тоҷикистониён аст. Хулоса, забондонӣ-ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад.Забон ҳастии миллат аст.

Агар сесад забон донӣ, фузун нест,
Ҳамарӯзе ба кор ояд забун нест.
Надонӣ гар забони миллати худ,
Пушаймонӣ надорад оқибат суд.

Мо насли имруз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи кухан ва ганчинаи бебахост. Бо қарори Созмони Миллали Муттахид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмиллалии забони модарӣ эълон гардндааст. Аз соли 1989 22-июл бо карори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ-забони точикӣ эълон гардид. 05 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки қатъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд. Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мухтарам Э.Рахмон: «Забони точикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».
Мо, тоҷикзодагони асил хамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем. Намегузорем, ки эхтироми ин забони бузург,  лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо забондорон вобастагӣ дорад.

Забони модарӣ фархунда доред,
Шумо, ки ворисони рузгоред.
Барои ҳар каломи поки модар,
Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Обидзода Ҷ.У.

You May Also Like..

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор медиҳад ва дар ин […]

Эҳ ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост!.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Таърихи башар гувоҳи он аст, ки давлатҳо дар натиҷаи муборизаҳову талошҳо баҳри ҳифзи тамаддун ва неъматҳои мавҷуда ба муваффақияту дастовардҳои […]

Ба танзим даровардани расму анъанаҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *