Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нишасти матбуотӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

admin Без рубрики

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2019, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №26/10-6  аз 22 январи соли 2020 тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ – Шоназаров Содиқ Ашурович, судяҳои суди Олии иқтисоди ва Суди иқтисодии  шаҳри Душанбе  ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ  ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Раиси Суди Одии иқтисодӣ Қаландарзода М. нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, оид ба амалбарории адолати судӣ дар соли 2019 дар судҳои иқтисодӣ  маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки баргузории ҳамингуна нишастҳои матбуотӣ бо воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъмини  шаффофияти  фаъолияти рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва дастраси ҷомеа гардонидани ахбор доир ба фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард. Фароҳамоварии чунин шароит ба воситаҳои ахбори омма ва сокинони кишвар имконият медиҳад, ки дар бораи  фаъолияти  ҳар як сохтори давлатӣ  маълумот пайдо намоянд. Таҷрибаи  мазкур имкон медиҳад, ки  доир ба фаъолияти мансабдорону хизматчиёни давлатӣ оид ба таври дахлдор амалӣ гардонидани ваколатҳову иҷрои вазифаҳояшон маълумот пайдо  намуда, ин омил дар ниҳоят барои самаранокии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, ба дастгоҳи судҳои иқтисодӣ дар  соли 2019 – 649 (680) адад шикоят ворид ва баррасӣ карда шудааст.

Тибқи банди 80-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011 зикргардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ 601(1026) нафар ва раисони судҳои поёнӣ қабули 210(575) нафар шахсони воқеиву   намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ҷамъ 811(1601) нафар дар рӯзҳои шанбе ба роҳ монда, арзу муроҷиатҳо шунида, ҳаллу фасл гардидаанд.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дар ин давра 11(5) мавод мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо нисбати 11(5) адад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳо ва муаллифони мақола ҷавоб ирсол гардидааст.

Мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо ва ҷорӣ намудани татбиқи дурусту якхелаи қонунгузорӣ самти муҳими фаъолияти суди болоӣ буда, аз ҷониби Суди Олии иқтисодӣ мунтазам сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил ва дар ин замина ба нақшаи машғулияти омӯзишии судяҳо мавзӯъҳои зарурӣ ворид ва судяҳо баҳри таҷрибаомӯзӣ ба суди болоӣ ҷалб карда мешаванд.

Инчунин, охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо баргузор гардида, камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати судяҳо ба риояи дақиқи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, пешгирии хавфҳои коррупсионӣ ва таъмини баррасии саривақтии парвандаҳо ҷалб карда шуданд.

Дар Маркази таълимии судяҳо 9 нафар судяҳои Суди иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ва 15 кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таҳияи санадҳои судии асосноку қонунӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи дурусту ягонаи судӣ Қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ оид ба шартномаи маҳсулотсупорӣ» ва «Дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунгузорие, ки ситонидани хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ ба танзим медароранд», китоби «Намунаи ҳуҷҷатҳои мурофиавии иқтисодӣ» омода ва ба чоп расонида, дастраси  судяҳо гардидааст. Инчунин, Дастурамал оид ба тартиби коргузорӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ  тарҷума карда шуда, дар сомонаи  Суди Олии иқтисодӣ ҷойгир ва дар шакли китоби алоҳида нашру паҳн карда шуд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо, сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз фаъолияти судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ Қарори Пленуми Суди Олии  иқтисодӣ «Дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ ва ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» қабул гардида, инчунин сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ фаъолият дошта, ахбороту навигариҳо оид ба фаъолияти суд, рӯзи баррасии парвандаҳои иқтисодӣ, вохӯрӣ бо аҳолӣ, дигар чорабиниҳо мунтазам дар сомона интишор карда мешаванд. Ҳамзамон дар  сомона андозаи боҷи давлатӣ, дастурамалӣ коргузорӣ ва тартиби муроҷиат ба судҳои иқтисоди ҷой дода шудааст.

Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолияти корӣ дар самти ба амалбарории адолати судӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба судҳои иқтисодӣ 3563 (3398) адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз он 2679 (2629) адад парванда  моҳиятан  бо баровардани санадҳои судӣ  баррасӣ  карда шудааст. Истеҳсолот доир ба 130 (169) парванда қатъ карда шуда, 178 (134) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 3 (6) адад парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Қабули 16(50) ариза рад ва 689 (565) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Ҳамин тавр, шумораи умумии парвандаҳои баррасишуда 4134 (3220) – ро ташкил намуда, нисбат ба соли 2018 – 914 адад зиёд шудаанд.

Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ аз ҷониби шахсони воқеиву ҳуқуқӣ 5 388 463,07 (5 362 115) сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва ба буҷети давлатӣ ворид карда шудааст.

Доир ба рӯёнидани маблаѓҳои зарар ва қарзи кредитӣ дар ҳамин давра ба маблаѓи 278 823 470,34 (261 609 698,6) сомонӣ қонеъ гардида, ба маблаѓи 6 461 695,25 (5 710 177,84) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Оид ба рӯёнидани ин маблаѓҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ варақаи иҷро ирсол шудааст.

Қобили қайд аст, ки таъмини иҷрои санадҳои судӣ нисбати солҳои қаблӣ беҳтар гардида, тибқи маълумоти пешниҳодгардида дар давраи ҳисоботӣ 97 199 266, 48 (91 926 052, 01) сомонӣ воқеан ҳамчун маблаѓҳои боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонидашуда иҷро карда шудааст.

Дар татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ саҳмгузор буда,  307 (257) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидааст. Марбут ба парвандаҳои баррасигардида дар 249 (206) ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст.

Дар ин давра, 37 (53) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 25 (30) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст. Натиҷаи ҷамъбастиҳо дар машѓулиятҳои семинарии ҳармоҳа мавриди омӯзишу хулосабарориҳо қарор гирифтаанд.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ 1496 (1015) маротиба баромадҳо, дар матбуот 137 (153) ва дар сомонаҳо 81 (30) мақолаҳои илмиву оммавӣ ба чоп расонидаанд.

Ғайр аз ин, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 6 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳо тавассути Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Нерӯи қонун» ба намоиш гузошта шудааст. Нишондодҳои мазкур қонеъкунанда набуда, Суди иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон, Суди иқтисодии ВМКБ вазифадор карда шуданд, ки чунин мурофиаҳои судӣ тавассути телевизионҳои маҳаллӣ низ ташкил ва ба намоиш гузошта шаванд.

Дар навбати худ, судҳои иқтисодӣ бо дар назар доштани он вазифаҳое, ки аз Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои қонунгузорӣ бармеоянд, бобати ҳарчӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва танҳо дар асоси қонун ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини мустақилияти судяҳо фаъолияти худро тақвият бахшад.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар фарҷоми нишасти матбуотӣ  омодагии судҳои иқтисодиро оид ба ҳамкории доимӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳор намуд.

Маркази матбуоти

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

You May Also Like..

Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Насриддинов С.

Сиву як сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Артиш миллӣ-неруи тавоно.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *