Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маросими савгандёдкунии судяи суди иқтитисодии шаҳри Душанбе Нурализода Одил

admin Хабарҳо

Имрӯз, 7 феврали 2020 дар Суди Олӣ маросими тантанавии савгандёдкунии 58 нафар номзадҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд баргузор гардид.

Дар маросими савгандёдкуни як нафар Коромӯз – судя Нурализода Одил, ки бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин шуд, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд кард.

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад. дар матни савганд сунин омадааст, “Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рўи виҷдон иҷро менамоям, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ менамоям”, ки аз ҳар як судя шунида шуд.

Сипас, Муовини якуми Раиси Суди Олӣ ва Директори Маркази таълимии судяҳо суханронӣ намуда, ба судяҳои навтаъин дар фаъолияти пурмасъули судягӣ барору комёбиҳо таманно намуда, қайд намуданд, ки судя тақдири инсонро ҳал мекунад, аз ин лиҳоз ӯ бояд вазифаи муқаддасашро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намуда, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ намояд.

Судяҳо бояд ҳамеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ёд дошта бошанд, ки гуфтаанд: “Судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд”.

Дар анҷом ба судяҳои навтаъин барои пурсамар гардидани фаъолияти кориашон адабиёти ҳуқуқӣ тақдим карда шуд.

You May Also Like..

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбастии фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023»

Санаи 06.01.2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҷамъбасти […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *