Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Дастовардҳои Байналмиллиалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла даҳсолаи байналмиллалии амал об барои рушди устувор.-Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

admin Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардида, он аз ҷониби 192 давлати дунё эътироф карда шуд, ки ин эътирофи миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонист.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 93% куҳсор ташкил намуда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯҳҳои баланд ва иқлими мусоид Тоҷикистонро ба ватани пиряхҳо, ки манбаи асосии захираҳои об мебошанд, табдил дода, он аз ҳисоби чунин захираҳо дар Осиёи марказӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Тоҷикистон ҳамзамон мисли дигар кишварҳои ҷаҳон ба тағйирёбии ҷиддии иқлим дучор шуда, бар асари гармшавии ҳарорати ҳаво пиряхҳои он дар давоми 50-60 соли охир 20% – и ҳаҷм ва 30% – и майдонашонро аз даст додаанд. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон ба ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла бунёди обанборҳо эҳтиёҷ дошта, он маблағҳои калони пулиро тақозо менамояд.

Мушкилоти таъминоти об танҳо проблеммаи минтақавӣ набуда, солҳои охир ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бар асари гармшавии иқлим норасоии об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба миён омада, то соли 2030 боиси он мегардад, ки зиёда аз 40% – и сокинони сайёра аз оби нӯшокӣ танқиси хоҳанд кашид. Бинобар ин Пешвои миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба ин масъала ҷалб намудаанд.

Ҳадафҳои бар асоси ин ташаббусҳо гузошташуда, хеле наҷибона, инсондӯстона ва оқилонаву саривақтӣ буда, онҳо ба бартараф намудани мухолифатҳо байни кишварҳои минтақа дар масъалаи истифодаи захираҳои об фароҳам овардани фазои боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии боз ҳам шаддидтар шудани танқисӣ аз захираҳои об равона шудаанд. Чорабиниҳои номбурда имкон медиҳанд, ки сиёсатмадорон, иқтисодчиён, олимону коршиносони соҳа, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тариқи мубоҳисаҳои созанда ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилиҳои соҳа муваффақ шаванд.

Бояд гуфт, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббускори тамоми қатъномаҳои дар даҳсолаҳои охир қабулнамудаи СММ буда, то ин дам се пешниҳод дар ин самт қабул гардидааст. Аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шудани соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон шудани солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудани соли 2013 ва ахиран қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки  21 декабри соли 2016 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. Бояд гуфт, истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд. Дар ин самт масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии тақозо мекунад.

Қатъномаи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ташаббус ва иқдоми бузурги башардўстонае ба ҳисоб меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад”. 

“Нақши пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии об” шунида шуд. Бояд қайд намуд, ки  “яке аз аввалин ташаббусҳои фарогири Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об ин дар арсаи ҷаҳон эълон намудани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” буд, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ва қабул шуд. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлоссияи 58-уми СММ суханронӣ карда,  аз соли 2005 то соли 2015-ум зери шиори Даҳсолаи амалиёт “Об барои ҳаёт”, ки ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гардида  буд, дар тамоми ҷомеаи ҷаҳон эълон кард ва муҷиби дастгирии миллионҳо одамони ҷаҳон гардид”.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур (ОР3) давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)

Мувофиқи Қатъномаи МУ СММ (ОР4) ҳадафҳои Даҳсола масъалаҳои зеринро фаромегиранд

:- рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва муҳитизистӣ;-роҳандозӣ ва пешбарии барнома ва лоиҳаҳои дахлдор;

– тавсеаи ҳамкорӣ ва шарокат дар ҳамаи сатҳҳо барои мусоидат ба татбиқи вазифа ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об, ки дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқа шудаанд, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор;

Ғайр аз ин, Қатънома (ОР5) аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо дарназардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизо, энергетика ва муҳити зист дар ҳама сатҳҳо таъкид мекунад.  Илова ба ин, Қатънома масъалаҳои зеринро ҳамчун ҳадафҳои иловагии Даҳсола муайян мекунад:

– такмили абзори ташаккул ва интишори дониш, осонгардонии дастрасӣ ба дониш ва мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаи беҳтарин, баҳрабардрорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об;

– бунёди шабакаҳо ва мусоидат ба ташаккули шарокат ва фаъолияти тарафҳои манфиатдор дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об;

– тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои мухталиф барои дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об.

Бояд қайд намуд, ки  “Оқилона ва самаранок истифодабарии об яке аз проблемаҳои муҳими на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Зиёда аз 92 дарсади оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, 90 дарсади даромади асосии соҳаи растанипарвариро ташкил медиҳад. Истифодабарии самараноки он, алалхусус ба ин соҳа, аҳамияти калон дорад, чунки аз ҳисоби оби сарфшуда аз худ кардани заминҳои нав, ё ин ки беҳтар гардонидани таъминоти обии заминҳои минтақа имконпазир  мегардад”. 

Чи хеле, ки дар урфият мегуянд:

Зи ҷуе, ки хурдӣ аз он оби пок,

Набояд фикандан дар он сангу хок,

Тоза нигох доштани об ва мукаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободй, балки маъхази нуру рушной ва махсули шодихои олами хастист.

 

 

 

 

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *