Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мафҳум ва моҳияти интихобот. – Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода Муродҷон

admin Баромадҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гардидани хеш, ба бунёди ҷомеаи воқеан демокративу ҳуқуқбунёд диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ба ин мақсади хеш расидан, аз махсус институтҳо истифода бурда истодааст. Яке аз чунин институтҳо интихобот маҳсуб меёбад. Интихобот дар масири таърих роҳи дарозеро тай намудааст. Дар замони муосир ягон давлатеро новобаста аз сохти сиёсии идоракуниаш дарёфт намудан душвор бошад, ки он аз ин падида истифода набарад. Интихобот шакли изҳори иродаи олии халқ оид ба ҳал намудани масъалаҳои ҳаётан муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ беҳтарин арзиш ва ченакҳоро баҳри инсон ва шахрванд мутобиқ ба талаботи санадҳои байналмилалие, ки ба он пайравӣ менамояд, муқаррар намудааст. Мутобиқи моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои мушаххасе оид ба интихоб кардан ва интихоб шудани шаҳрвандро дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ дар худ ҷой додааст . Интихоботи ошкоро, шаффоф, озод, дар ҳошияи принсипҳои ҳуқуқи интихоботӣ ва дар муҳлатҳои муайянкардаи қонун баргузор намудани он, василаи асосии амалигардонии соҳибихтиёрии халқ ва иродаи шаҳрвандон дар давлат ва ҷомеа мебошад.

   Мафҳуми ҳуқуқи интихоботро ба ду маъно мефаҳманд: ба маънои субъективӣ ва ба маънои объективӣ. Ба маънои субъективӣ ҳуқуқи интихобот гуфта, имконияти озоди шаҳрвандонро мефаҳманд, ки дар асоси он шаҳрванд дар маъракаи интихобот ширкат варзида, ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шуданро ба даст меоранд. Ба маънои объективӣ ҳуқуқи интихобот гуфта, маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиеро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятиеро дар раванди ташкил ва баргузор намудани маъракаи интихобот ба вуҷуд меоянд, ба танзим медароранд.

Ҳуқуқи интихоботӣ ба мансубияти шаҳрвандии инсон тааллуқ дошта, он ба гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд мутаалиқ гардонида шудааст. Қобилияти ҳуқуқдории шахрванд оид интихобот аз синни 18-солагӣ фаро расида, он ҳуқуқи субъективии шахс мебошад ва аз ирода ва хоҳиши ӯ вобастагӣ дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурра батанзим даровардани муносибатҳои интхоботӣ қонунҳое ба монанди қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки пурра ин муносибатҳоро ба танзим медароранд.

Маҳз натиҷаи интихобот буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократиро марҳила ба марҳила паси сар намуда, имрӯз ба як кишвари мутараққӣ табдил ёфта, дар ҷомеаи ҷахонӣ ҳамчун як кишвари ташаббускор шинохта шудааст, ки бевосита дар ҳал намудани масъалаҳои глобалии ҷахонӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳама ин дастовардҳо аз интихоботе, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 доир гардида буд, сарчашмаи худро мегирад. Аз натиҷаҳои интихоботҳои қаблии сипаригардида, ки нозирони минтакавию байналмилаӣ дар он ҷалб гардида буданд, ба рафт ва ҷараёни баргузории он баҳои баланд дода, баргузор гардидани онро дар ҳошияи принсипҳое, ки дар қонунгузории ҷории интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намудаанд. Интихобот маҳз шароит фароҳам меоварад, ки роҳи минбаъдаи рушд ва инкишофи ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад.

Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ баҳисоб рафта, иштирок дар он аз сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шахс ва зиракии сиёсии ӯ вобастагии калон дошта, дар он метавонанд, ки як овоз ҳалкунанда бошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2019 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ба санаи  1-уми марти соли 2020 тасдиқ гардид. Мардуми баруманди Тоҷикистонро маъракаи муҳими сиёсӣ дар пеш интизор аст. Зеро аз натиҷаи баргузорӣ ва интихоб намудани номзади арзандаи ҳар яки мову Шумо ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ва боиси пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ хоҳад гардид. Пас биёед ба хотири ояндаи дурахшони фарзандони хеш, ба хотири манфиатҳои имрӯзу фардои давлату миллат бетараф набошем. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як марҳилаи хеле ногувори сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро хуруҷ намуда, онҳо мехоҳанд, ки манфиатҳои нопоки худро бо ҳар роҳу восита дар амал татбиқ намоянд. Ҳар як давлату миллат аз ин гунна хатарҳо, дар он ҳолат истодагарӣ карда метавонад, ки дар он риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, адолати судӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ пойбарҷо буда, аз манфиатҳои давлату миллат ва фарҳангу тамаддуни хеш дар арсаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ва ҳифозат намуда бошад.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қобилияти ҳуқуқдории интихоботӣ дошта ва ё то рӯзи баргузории он фаро мерасад, даъват ба амал оварда мешавад, ки манфиатҳои давлату миллат ва фарзандони худро аз ҳама  боло гузошта, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистони беназир овози худро дареғ надоред.

 

You May Also Like..

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи муқаддаси худ қарор медиҳад ва дар ин […]

Эҳ ҳамдиёри ман, ваҳдат наҷоти мост!.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Таърихи башар гувоҳи он аст, ки давлатҳо дар натиҷаи муборизаҳову талошҳо баҳри ҳифзи тамаддун ва неъматҳои мавҷуда ба муваффақияту дастовардҳои […]

Ба танзим даровардани расму анъанаҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С

Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *