Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Нақши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушдиҷомеа ва давлат.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишҳои муқаддаси замони истоқлолият буда, муҳимтарин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фаро мегирад. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат яке аз омилҳои танзимоти соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ки дурнамои рушди онро муайян менамояд ин паёмҳои Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Он дар асоси низоми ҳуқуқии ҷойдоштаи кишвар дурнамои ҳар як соҳаро бо дарназардошти вазъи ҷойдошта равшан месозад. Махсусан ворид намудани ислоҳотҳо мавқеи марказии онро ишғол менамояд. Яке аз масъалаҳои марказии паёмҳои сарвари давлат ин танзим ва ташаккули ҳокимияти судӣ мебошад.

Таҷрибаи давлатдорӣ нишон дод, ки Паём ин санади хеле муҳиму сарнавиштсоз, раҳнамо ва дурнамои рушди устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат буда, рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятиро муайян менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ – 27 июни соли 1997 ва ба ин васила барқарор гардидани Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар ҷомеъ марҳилаи бунёдкориву созандагӣ дар кишвар оғоз гардид. Дар ин росто, Паёми нахустини Президенти мамлакат, ки 27 апрели соли 2000-ум ироа гардида буд, вобаста ба мақсаду маром, вазифа ва хусусиятҳои хоси марҳилаи муайяни инкишофи мамлакат ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххаси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таҳрезии барномаи сиёсати дохилӣ ва хороҷии мамлакатро дар бар гирифта, дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ нақши созгор бозид.

Бояд қайд намуд, ки дар фарҳанги забони тоҷикӣ истилоҳи Паём бо маъноҳои гуногун пешниҳод карда шудааст. Аз ҷумла, муҳаққиқ Ҷамшед Ҷӯразода истилоҳи мазкурро ба мазмуни пайғом, хабар, салом, дуруд, таҳният, муборакбодӣ, орзуи нек кардан ба касе, муроҷиат намудан, маънидод намудааст.

Дар мавриди Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ он чун дастур, ҳидоят, барнома, тарҳу нақшаи фаъолият барои оянда, раҳнамо, дурнамо ва санади сарнавиштсози рисолати созанда ва бунёдкорона дошта, маънидод менамояд.

Паёми Сардори давлат ба Парлумон як усули таърихии робита, ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи се шохаи ҳокимияти сиёсӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ мебошад.

Паёми Президентро на танҳо узви мақомоти олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ балки намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимият ва сохторҳои идоракунӣ – вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ, васоити ахбори умум, тамоми аҳли ҷомеа, умуман кулли шаҳрвандони мамлакат тамошо намуда, ба суханронии роҳбари давлат ҳамчун барнома, ҳидоятнома таваҷҷӯҳи амиқ ва хоса зоҳир менамоянд ва аз он маълумот, далелу рақамҳои нав, иттилооти муҳим ба даст меоранд ва барои фаъолияти минбаъдаи хеш дастуру супоришҳои мушаххас мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки Паём асоси ҳуқуқӣ дошта аз моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тарве ки дар он омадааст: “Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якчояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад ва масъалаҳоеро, ки зарур мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд”. Ҳамчуноне, ки маълум гардид, Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ асоси ҳуқуқӣ дошта, он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва аз вазифа, ҳуқуқ ва салоҳияти конститутсионии Президент тибқи қонуни асосии мамлакат сарчашма мегирад.

Дар ҳар Паёми навбатӣ, аз ҷумла Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илму фарҳанг, таълиму тарбия, тандурустӣ, варзиш масъалаҳои оила, занон, ҷавонон, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат, амният ва субот дар ҷомеа, мубориза алайҳи ҳуқуқвайронкунӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии паҳн шудани фарҳангу ғояҳои бегона ва дигар зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мавриди таҳлил, баррасӣ қарор гирифта, нақшаву барномаҳои мушаххаси ҳаллу фасли онҳо таҳрезӣ мегардад.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *