Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз таърихи Наврӯз – куҳантарин ҷашни ниёгон. – Котиби маҷлиси судӣ Файзов Ф.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Наврӯз дар тарҷума аз забони форсӣ (тоҷикӣ) “рӯзи нав” аст. Аз он дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз – 21 март таҷлил мешавад. Наврӯз нишони бедоришавии табиат, покизагии рӯҳ ва оғози ҳаёти нав аст.

Наврӯз — ҷашни баробаршавии рӯзу шаб ва оғози соли ҷадиди кишоварзӣ дар халқҳои эронитабор ва бархе аз қавмҳои турктабори Қазоқистон, Осиёи Миёна ва Хурд, Эрон ва ҳамчунин миёни бошқирдҳо ва тоторҳо мебошад.

Дар моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба феҳрасти осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил карда шуд ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 мартро “Рӯзи байналмиллалии Наврӯз” эълон кард.

                                                                      Дар бораи таърихи Наврӯз

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳо дар Замин аст. Аз ин ҷашн ҳанӯз то замони зардуштиҳо таҷлил мешуд. Дар давлати Хахоманишҳо (асрҳои VI-IV то қарни мо) ва Сосониҳо (асрҳои III —VII қарни мо) Наврӯз ҷашни аслӣ маҳсуб меёфт.

Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми пайёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.

Ақиде вуҷуд дорад, ки дар ин рӯз чанд ҳодиса ба вуқӯъ пайвастааст: Зардушт худо интихоб шуд то ба мардум хушбахтӣ биоварад, шоҳи қадимӣ Таҳмураз ба зиндон девҳои хашмгин ва одамони бераҳмро фиристод, “Гуштосп, малика Каётун ва Ҷомосп мазҳаби Маздоёнсоро”, яъне зардуштиро пазируфтанд.

Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба шоҳи тахаюллии Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯё дар ин рӯ ба вай нури офтоб расидааст.
Вале қадимтарин манбаъе, ки дар он аз ҷашни Наврӯз зикр мешавад китоби муқаддаси зардуштиҳо “Авасто” мебошад. Тибқи таълимоти “Авасто” мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёрот дар замин, ки дар “шаш намуд” (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.

                                                                    Чаро Наврӯз аз 21 март таҷлил мешавад?

Таҷлил аз Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш қабл аз ҳузури ислом арзи ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад.

Тибқи он соли ҷадид баҳорон 20 ва 21 март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеъӣ ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.

Дар замонҳои қадим фарорасии Наврӯзро нуҷумшиносон дақиқ мекарданд. Ҳоло ин амр ба қайҳоншиносон вогузор шудааст, ки фарорасии Наврӯзро бо дақиқият аниқ мушшахас мекунанд.

                                                                      Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд?

Дар замонҳои қадим  Наврӯзро 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Ин як рамзест. Мардум бар ин назар буданд, ки нафаре ба саҳро баромада ва аз табиат роҳат медидаро дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст.

Ин расм дар Эрон ҳифз шудааст, ки аз Наврӯз маъмулан 13 рӯз таҷлил мешавад.

Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон ихтисос шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сенздаҳбадар машҳур аст. 

Дар Тоҷикистон расман Наврӯз чаҳор рӯз — 21, 22, 23 ва 24 март таҷлил мешавад.

 

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *