Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

admin Хабарҳо, Чорабиниҳо

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони  Суди Оии иқтисодӣ, суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда суханронӣ намуда иштирокчиёнро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз ва соли нави миллӣ табрику муборакбод намуданд.

Қаландарзода Мавлуда қайд намуданд, ки воқеъан боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо ташабусу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмималиро касб намуд ва дар тамоми олам ин идро ҳамчун иди сари сол ҷашн мегиранд. Тоҷикон  мардуме мебошанд, ки ба ҷаҳониён бисёр шансони  шинохта, нафарони бузург ва олимони барҷастаро ҳадя кардааст. Мо имрӯз гуфта метавонем, ки ба мисли Фирдавси, Умари Хайём ва Сино афроде ҳастанд, ки тоҷиконро  ба ҷаҳониён муаррифи намудаанд ва маҳс ин моро водор месозад, ки идомадиҳандаи кори онҳо буда муаррифгари тамаддуни тоҷикон дар ҷаҳон бошем.

Дар идома Раиси Суди Олии иқтисоди Қаландарзода Мавлуда  аз номи Роҳбарияти суд кормандони судҳои иқтисоди ва дар сиоми онҳо тамоми аҳли пайвондонашонро ба муносибати фарорасии Наврӯзи Аҷам муборакбод намуда, сарбаланди, танисиҳат, саодати рӯзгор ва сарсабзиву хуррами дар зиндагиро таманно намуданд.

Дар идомаи чорабини баҳри пос доштани арзишҳои милливу маҳаллӣ арусу домоди бадахшонӣ, хатлониву суғдӣ бо сару либоси суннатии ин маҳалҳо намоиш дода шуд.

Инчунин Наврӯз, ки рӯзҳои аввали бедоршавии табиат ва кишту кори деҳқон ба ҳисоб меравад Маликаи баҳори ва Бобои деҳқон иштикор намуданд.

Чорабини бо оростани дастархони идона ки иборат аз ҳафтшину ҳафтсин ва сабзаи баҳорӣ оро гардида буд, рангу намои зеборо касб намуд. ки аз анъанаву расмҳои наврӯзи шаҳодат медод.

Қобили қайд аст, ки 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмиллалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қатъномаи Маҷмаи умумӣ Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. 21 март-24 март – дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мегардад.

Бинобар маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳамакнун дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои таътил ба шумор меравад.

Маркази матбуоти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

You May Also Like..

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *