Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Хатарҳои терорризм ва роҳҳои пешгирии он. – Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Яке аз мушклотҳои мубрам, доғи рӯз ва вабои аср дар замони муосир ин терорризму ифротгароӣ мебошад. Бо мақсади бартараф, решакан ва маҳкум намудани ин зуҳуротҳои номатлуб давлату ҳукумат аз тамоми имконотҳои мавҷудаи хеш истифода бурда истодааст ва яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аз байн бурдани терорризм ва ифротгароӣ мебошад. Азбаски ин зуҳурот сатҳи байналмилалиро касб намуда, рӯз то рӯз доман густурда истода, марзҳои давлатҳоро убур намуда, дар миқёси ҷаҳон реша давонда истодааст. Аз ин хотир ҳеҷ як давлат дар алоҳидагӣ наметавонад худ ба муқобили ин хатарҳо истодагарӣ намуда, онро маҳв намояд.

Асри XXI асри технологияи иттилоотӣ ва аҳли сайёраи замин дар  марҳилаи босуръати ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин зуҳуроти номатлуб метавонад ба ҳар роҳу восита дар дилхоҳ давлат амалӣ гардад ва метавонад боиси ҳаргуна фоҷиаҳои даҳшатбор гардад. Аз ин рӯ, кулли давлатҳову созмонҳои байналмилаӣ ва минтақавиро зарур аст, ки дар якҷоягӣ ба ин гуна зуҳуротҳои номатлуб муборизаи беамони худро баранд ва дар он сурат мо метавонем, ки садди роҳи амалишавии ин гуна кирдорҳои номатлуб гардида, онро маҳв кунем.

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои номатлуби ин кирдорҳоро дарку эҳсос намуда, хостгори аз байн бурдани он мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду вохӯриҳои худ чи дар дохили кишвар ва чи дар сатҳи байналмилавиву минтақавӣ  аз созмону ташкилотҳои байналмилаӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми шарифи тоҷик даъват ба амал меоранд, ки вақти он расидааст, ки мо бояд садди роҳи ин паймадҳои номатлубро гирем ва нагузорем, ки он рӯз аз рӯз қувват гирифта, боиси халалдор гардидани сулҳ ва амнияти башар гардад.

Имрӯзҳо террористону ифротгароён дини мубини исломро ба худ як василаи асосӣ қарор дода, онро ҳамчун ниқоб истифода бурда истоданд. Дар асл дини мубини ислом пур аз арзишҳои ахлоқиву инсондӯстӣ ва дар худ беҳтарин арзишҳои инсониро ҷой додааст ва терорристону ифротгароён худ на дин доранду на мазаҳб. Чи гунае, ки, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромадҳои хуб иброз медоранд: “ Тероррист дину мазҳаб надорад”.

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва хеле ташвифовар ин гаравидани ҷавонон ба ин гуруҳҳо мебошад. Сабаби асосии чунин рафтори ҷавонон ин пеш аз ҳама паст будани сатҳи дониш, маърифати ҳуқуқӣ  ва қобилияти ҷавонон мебошад. Зеро ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо мепайванданд на дониши дунявӣ ва на динии мукаммал доранд.

Аз ин рӯ волидайнро лозим аст, ки аз овони хурди насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ ва саҳм гузоштан дар ободонию шукуфоии кишвари маҳбубамон таълиму тарбия намуда, ба воя расонанд.

 

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *