Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ОМИЛИ РУШДИ СОЗАНДАГӢ ДАР КИШВАР. -Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода З.Ф.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ва шинохту эътирофи давлати навини Тоҷикистон барои миллати тоҷик падидаи басо фаромӯшнашванда мебошад. Тавре маълум аст, баъди ба даст овардани истқлолияти кишварамон дар сатҳи давлатдорӣ бесарусомониҳо ба миён омадаанд. Ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар бар асари ин ҷанги хонумонсӯз ҷони худро аз даст дода, теъдоди зиёди мардум гӯрезаву дар ба дар гаштаанд. Ҳодисаи хунин маҳз шаҳрвандонро ба гирдоби ҳалокатбори худ кашид. Бар асраи ин воқеоти нангин мамлакат хароб, миллат афгор гардид.

Вобаста ба ин, ҳаводиси солҳои 90-асри гузашта ва аланга гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ собит намуд, ки бидуни сулҳу субот рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ғайриимкон буда аз Ваҳдати миллӣ вобаста аст.

Ваҳдати миллӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ яке аз шартҳои муҳим ба шумор меравад, бахусус барои ҳар як давлати тозаистиқлол аз қабили Тоҷикистон, ки баъд аз талошҳои тулонӣ ба мустақилият расидаанд. Ваҳдати миллӣ дар баробари ин кафили пойдорӣ, суботу амният ва аз шартҳои муҳими тарақиёти давлат мебошад.

Тоҷикистон дар марҳилаи аввал ҳарчанд ба ҷанги таҳмилии мувваққатӣ рӯ ба рӯ гардида бошад, аммо бо зарурати таърихӣ ва нерӯи фикрӣ, инчунин бо фитрати азалии мардуми кашвар дар кутоҳтарин муҳлати вақт, ҷанги таҳмилиро ба сулҳи устувор иваз намуд. Сари давлат шахсияти ғайриодие омад, ки тамоми вуҷуду ҳастияшро баҳри ҳимояи ин марзу бум фидо кард. Имрӯз сарҷамъии ин халқи кишвару шинохти он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат аст.

Ба хушбахтии халқ ва саодати Ватан, таърих дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки воқеан ҳам нақшаву нияти нек дошт, замираш саршори ҷасорат ва эхтиром ба халқу давлат буд. Аз рӯзҳои нахсустини роҳбарӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои поён бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳ ва дар ин ҷода баъди чанд соли талошҳои сангин муваффақ низ шуд.

Имзои Созишномаи истиқрори сулҳ дар шаҳри Москва, ки ба таърихи 27 –уми июни соли 1997 рост омад, дар ҳошияи бузургтарин ҳодисаҳои нодир дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ дар охири қарни ХХ қарор хоҳад дошт. Таърихи инсоният то ин дам ёд надошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишваре ба ин зудӣ поён ёбад ва тарафҳои даргир бо дарки воқеияти зиндагӣ якдигаро бубахшанд ва боз ба ҳам оянд.

Баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо марҳилаи нави таррақиёт оғоз ёфт. Нобоварӣ ва мухолифат аз байн бардошта шуд, зиндагии осоишта барои хар як узви ҷомеа ба миён омад. Дастовардҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие, ки тулли ин солҳо дар кишвари мо ба миён омадаанд, бешубҳа, ҳама самари Ваҳдати миллӣ мебошад.

Барои миллати тоҷик 27 июни соли 1997 чун санаи муқаддас, як рӯзи дар ҳаққиқат таърихӣ, зиёда аз ин ҳамчун як воқеаи тақдирсоз мавқеву мақоми хос дорад. Дар ин ҷода мо бояд дар атрофи Президенти кишвар, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардем.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Мо бояд шукр гӯем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро бояд ҳамчун дастоварди азизтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем”.

Ин суханони Сарвари мамлакат, ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки натанҳо дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро ҳифзу эҳтиёт кунем.

Миллати тоҷик бояд суннатҳои волои гузаштагони худро, ки таҳаммулпазириву тамаддунофаринӣ будааст, бояд арҷ гузоранд, мероси беназири гузаштгоро пос доранд. Хушбахтона, шаҳрвандони кишвар ин ҳикмати бузургро хуб дарк намудаву қадр мекунанд.

Воқеан, имрӯз Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон гузошта истодааст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *