Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ваҳдат нишонаи сулҳ. -Судяи суди иқтисодии шаҳри Душабе Саид Г.Н.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармоаст он давлат рӯз то рӯз гул-гул шукуфон мегарда ва иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст.

Ваҳдати миллӣ ин беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидааст.

Воқеан, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон дар канори Истиқлолият бузургтарин рӯйдод дар поёни асри 20 буд. Ин санади муҳим аз тамом шудани ҷанги шаҳрвандӣ башорат дод. Оҳиста-оҳиста вайронаҳо ва харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ обод карда шуданд, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд. Ин амр имконият дод, ки пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам шуда, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё гардад, қисмати зиёди гурезаҳо ва муҳоҷирон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, заминаҳои устувори ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам гардиданд ва ниҳоят сулҳу суботи саросарӣ ба вуҷуд омад.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Имрӯз дар фазои амният ва ҳамбастаги, мардум ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ машғуланд ва ҳамеша шукргузори аз ин неъмати бебаҳову беназир мекунанд. Ваҳдат дар ҷомеа ҳамон вақт устувор ва пойдор мемонад, ки мо сокинони ин мамлакати рӯ ба пешрафт манфиатҳои олии милли ва давлатиро амиқан дарк намоем ва ба ин васила ваҳдатро ҳамеша чун падидаи умумимилли гиромӣ дорем.

Агар ба саифаи таърих назар кунем ва аз 27-уми июни 1997 фосила гирем, бо таҳлили вазъияти онрӯзаву имрӯзаи ҷаҳонӣ ва дар паҳлӯи ҳам қарор додани воқеаҳои тағирёбандаи ҷаҳони кунунӣ, ба ин андеша фурӯ меравем, ки агар Худованд он рӯзи саидро дар китоби зиндагии миллати мо рақам намезад, имрӯз мо чӣ рӯзгоре медоштем. Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дӯст кӯмакҳои зиёде дар раванди сулҳ ба мо расонданд, вале маҳз фидокориҳои роҳбари давлат, хосту иродаи матин ва хиради азалии миллат, ҳамчунин гузашту ҳамдигрбахшии тарафайн сулҳро ба кишвар бозгардонд.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои сулҳ, ин бозгашти амнияту осудагии доимӣ ба кишвари мост. Воқеан, амнияте, ки имрӯз мо дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилӣст. Имрӯз коршиносони минтақа шаҳри Душанберо амнтарин пойтахти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меноманд.

Бубинёд аз замони ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон бо ҷашнҳои пуршукӯҳ таҷлил гардида, аҳвол ва рӯзгор, инчунин осори гаронбори онҳо мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифт.

Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо ҳам 27-уми июн, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ ном дорад, воқеан як рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз аст. 23-сол пеш дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни тоҷикон ба имзо расид, ки ба даргириҳои дохилии панҷсола амалан хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаро дар тамоми арсаҳои ҳаёт дигаргун кард. Аз он баъд адоват ҷои худро ба муҳаббат дод ва рафоқат ҷойгузини хусумат гардид. Ба ҷои бӯи бади борут, накҳати гулу райҳон ба машом расид ва ба ҷои садои ваҳшатноки тиру туп, овози хуши мутрибу муғаннӣ гӯшҳоро навозиш кард. Бародарони ҳамхун, ки то он рӯз дар муқобили якдигар санҷар гирифта буданд, ба оғуши ҳам омада, дар ҷабҳаи муштарак-дифоъ аз марзу бум ва иззату номусу шарафи миллат санҷар гирифтанд. Ва муҳимтар аз ҳама он, ки ин раванд, дигар ба ақиб барнагашт ва инак сол то сол дарахти ваҳдати тоҷикон решадортар ва паймони ҳамдиливу бародарӣ миёни онҳо мустаҳкамтар мегардад. Рӯйдодҳои таърихӣ хусусияти аҷибе доранд, ки аҳамияти воқеиашон аз сӯи оммаи мардум на дар замони вуқӯъ, балки бо гузашти солҳо дарк карда мешавад.

Барои касоне, ки таъсири қудратҳои минтақавӣ ва талоши созмонҳои байналмилалиро дар ҳосил шудани сулҳ хеле бештар аз саҳми худи тоҷикон меҳисобанд, фақат ҳаминро гуфтаниам, ки агар чунин аст, пас чаро дар давоми солҳои баъдӣ, ки минтақаи мо дастхуши ҳодисаҳои гушношунид ва пешбининашавандаи сиёсиву амниятӣ гардида, худи ҳамон қудратҳоро баъзан дар тасмимгириҳои бузург дучори мушкил сохт, Тоҷикистони мо алорағми сулҳи навпояш, натанҳо осебе надид, балки бо пешбурди сиёсати устувор ва тасмимҳои мантиқӣ аз миёни он ҳама тӯфони ҳаводис солим ба дар омад ва имрӯз ифтихор дар ин соҳаро, ҳадди ақал дар сатҳи минтақа ҳифз кардааст!?

Агарчи Созмони Милали Муттаҳид ва Эрону Русия кӯмакҳои зиёде дар раванди сулҳ ба мо расонданд, вале маҳз хост ва иродаи матини тоҷикон(!) сулҳро ба кишвар бозгардонд ва дар ин нуқта шакке набояд кард. Воқеан, амнияте, ки имрӯз мо дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилӣ ва низ муҳимтарин дастоварди сулҳ аст. Имрӯз метавонем Душанберо амнтарин пойтахти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил биномем, ки дар он на аз гурӯҳҳои шабгарди ҷиноӣ хабаресту на аз «рекет»-ҳои даврони Шӯравӣ асаре. Дар асри бистум, ки аксар кишварҳои даргир борҳо сулҳ баставу борҳо ҳам шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки то имрӯз аз сӯи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошубзада мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам қадр карда шудаанд. Барои саҳмгузорӣ дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер сазовор дониста шудааст. Ҳамчунин, барои хидматҳои басо арзишмандаш дар ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстии миёни ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони олии давлатии «қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд» низ сарфароз гаштааст.

Соли 2005 боз як ҷоизаи олӣ – медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки дар байни сарони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ӯ аввалин касе буд, ки ин ҷоизаро соҳиб шуд.

Бо заҳмату талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, ба сӯи ояндаи нек қадам гузошт.

Баъд аз истиқрори сулҳи тоҷикон ҳамкориҳо ва равобити судманди Тоҷикистон бо мамлакатҳои дигар рӯ ба беҳбудӣ оварда, дар як муддати кӯтоҳ барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа сармоя ворид шуд ва сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар гардид. Дар як давраи кӯтоҳ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кардани Тоҷикистон ва мунтазам боло рафтани эътибору манзалати он, ҳамчунин раванди пурпечу ноҳамвори дастёбӣ ба сулҳи фарогир аз нақши волои дипломатия дарак медиҳад.

Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд, ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳаллу фасли масъаларо салоҳ медонанд. Ҳамин тариқ, бо имзои созишномаи сулҳ ва тадриҷан пиёдашавии рукнҳои он робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам густариш ёфта, эътибору нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ пайваста меафзояд. Заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳо бо кишварҳои гуногуни дунё, созмонҳои мухталифи байналмилалӣ таҳким ёфта, дар мавриди роҳандозӣ ва инкишофи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд қадамҳои устувор бардошта мешавад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *