Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як узви ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад. -Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти комили сиёсии худ, роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намуда, барои расидан ба ин мақсади дар назди хеш гузошта, тамоми имконотҳои мавҷударо истифода бурда истодааст. Аммо, ҳаргуна падидаҳои номатлубе дар ҷомеа арзи ҳастӣ менамоянд, ки боиси садди роҳи амалишавии он мегарданд. Яке аз чунин падидаҳои манфӣ, ин коррупсия мебошад.

Моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди корррупсия» мафҳуми коррупсияро муайян кардааст: «Коррупсия-ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайри моддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбинишуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракати) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд».

Оқибати ба ҷамъият хавфнокии кирдорҳои коррупсионӣ дар он зоҳир мегардад, ки ин зуҳуроти манфии ҷомеа аз тарафи омма, на ҳамчун ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунӣ, балки чун қоидаи рафтори қонунӣ ё меъёри нонавиштаи рафтори иҷтимоӣ қабул мегардад. Ҳангоми содир намудани онҳо аҳли ҷомеа ба он диққати асосӣ намедиҳанд ва он ба як ҳуқуқвайронкунии латентӣ (руйпушшуда) табдил меёбад, ки ин боиси реша давонидани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати ҷамъият, таъмини аминяти миллӣ ва фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд, чораҳои махсус меандешад.

Маҳз бо ин мақсад ва баҳри иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ, ташаккули низоми шаффофи фаъолияти мақомоти идоракунӣ, сарфа ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.  Ҷиҳати ба танзим даровардани фаъолияти Агентӣ ва мансубияти ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта 20 марти соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2007 № 414 “Дастурамали баҳисобгирии омории  ҷиноятҳои хусусияти корррупсионидошта ва феҳристи чунин ҷиноятҳо” қабул гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағийру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Гузашта аз ин, бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия сараввал бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, № 34 Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 ва сипас бо мақсади идома додани чораҳои таъхирнопазир ҷиҳати решакан кардани омилҳои коррупсионӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  Стратегияи нав  барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардид.

Стратегияҳои қабулшуда ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо назардошти тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд.

Қайд кардан ба маврид мебошад,ки Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамӯҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.

Мақсад ва мароми Стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ бештар аз надонистан ва ё умуман аз истифодаи нодурусти талаботҳои пешбининамудаи қонун сар мезанад. Яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке, ки ба муносибатҳои идоракунӣ таҷовуз меорад, кирдорҳои коррупсионӣ ба шумор меравад.Коррупсия яке аз кирдорҳои ба ҷамъият хавфноки ҷиноятӣ ба шумор рафта, ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа, монеаи ҷиддие дар роҳи инкишоф ва рушди минбаъдаи давлат, ҳамчунин боиси боло рафтани сатҳи камбизоатӣ ва заифгардии сатҳи маънавиёти тамоми аъзоёни ҷомеа мегардад. Коррупсия, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ, маводи нашъадор, савдои одамон- инҳо аз унсурҳои асосии ҷиноятҳои муташаккилона ба шумор рафта, барои давлат ва ҷамъият хавфи калон доранд.

Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Кирдорҳои коррупсиониро мо маҳкум менамоем ва мубориза бо ин падидаи номатлубро яке аз самтҳои афзалиятнокӣ фаъолияти давлат мешуморем».

Коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, баробарҳуқуқиро оҳиста – оҳиста аз байн бурда, боварии мардумро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ коста мегардонад, ки ин ҳам бошад, ба нофаҳмоиҳои зиёде дар миёни ҷомеа пойдор мешавад ва дар охир ниглизми ҳуқуқиро бабор меоварад.

Бо мақсади мубориза алайҳи ин омили номатлуб дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе нақша чорабиниҳои дахлдор тартиб дода, дар ин самт як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд.

Аз ҷумла аз тарафи суд фармоиш дар бораи тадбирҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти № 1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба тасвиб расонида шуда, доир ба бандҳои дахлдори Стратегияи ёдрасшуда нақша чорабиниҳо ташкил карда шуда, ҳар як корманди масъули суд муваззаф карда шудаанд,ки доир ба иҷроиши Фармони мазкур ва иҷроиши Стратегия мунтазам корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.

Маҳв намудани чунин падидаи номатлуб ва аз байн пурра бардоштани он ин натанҳо вазифаи мақомотҳои давлатии салоҳиятдор балки, ин омилро дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ  решакан ва бартараф намоем.

Аз ҳар як узви ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон даъват бамал меоварам, ки барои рушду нумуъ ва пешравии ватани маҳбубамон бетараф набуда, барои муборизаи беамон ва муқовимат бо коррупсия, бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар сафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор гиранд ва мо танҳо дар ин ҳолат бурд хоҳем кард.

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *