Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Маҷлиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тҷоикистон вобаста ба муҳокимаи натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе

admin Хабарҳо

Дар маҷлис Роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар маҷлис “Натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Хатлон, аз моҳи сентябри соли 2019 то семоҳаи якуми соли 2020”, Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Р. “Натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии вилояти Суғд, аз 1 октябри соли 2019 то 1 апрели соли 2020”, Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода П.Ш. ва “Натиҷаи расонидани ёрии амалӣ ва санҷиши фаъолияти суди иқтисодии шаҳри Душанбе, аз 1 декабри соли 2019 то 31 марти соли 2020”. Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Ш. баромад намуданд.

Қайд менамоем, ки судҳои иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва  шаҳри Душанберо аз ҷониби гуруҳҳои кории Суди Олии иқтисодӣ ҳорлати корбари дар шуъбаҳои коргузорӣ ва назорад, риоя намудани қонунгузории мурофиавии иқтисодӣ зимни баррасии парвандаҳо,дар мӯҳлатҳои муқарраршуда омада намудани санадҳои судӣ ва протоколҳои маҷлиси судӣ оид ба парвандаҳо мавриди санҷиш қарор дода,ҳамчунин ба судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои номбурда ёрии амалй расонида шуд.

Дар маҷлис маълумотномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши иҷрои санадҳои судӣ, натиҷаи фаъолияти судҳои иқтисодии вилояти Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда муҳокима гардида барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти суди иқтисодии шаҳри Душанбе

You May Also Like..

РУЙХАТИ ПАРВАНДАҲОИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ҚАРОР ДОШТАИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1-14/24 С/И Садуллоев Хуршед Гулмуродович ҶДММ “Соро Компания” Оид ба руёнидани зарари модди ба маблағи 3 352 657 сомонӣ 04.12.23 05.03.24 С […]

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *