Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ифротгарои гумроҳист. – Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Мо медонем, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст. Баъзе аз ин хатарҳо ба Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонанд. Хатари асосие, ки ҳоло ҷаҳони муосир ба он рӯ ба рӯ аст, ин аз нав тақсим шудани ҷаҳон миёни давлатҳои абарқудрат аст. Ҳадаф аз ин тақсимот ба даст овардани манбаъҳои табии замин ва дастрасӣ ба захираҳои муҳими ашёи хоми он аст, махсусан нафту газ ва ғайра. Аз рӯи таҳлили муҳаққиқон имрӯз бештари бозиҳои геостратегӣ ба кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Миёна равона шудаанд.

Кӯшишҳои аз нав тақсим намудани ҷаҳон ҳанӯз баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравй оғоз гардида, то ба имрӯз идома доранд. Ҳоло ин раванд ҷаҳонро на танҳо ба буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ табдил додааст, балки боиси дигаргунии амну субот дар кишварҳои гуногун гардидааст.

Давлатҳои абарқудратбарои расидан ба мақсадҳои худ аз роҳҳои гуногун истифода мебаранд. Онҳо дар мамлакатҳои исломӣ аз эътиқоди динии мардум истифода мекунанд. Инчунин аз он дигаргуниҳое, ки дар мазҳабҳои ислом ба вуҷуд омадаанд, суистифода намуда, зиддиятҳо ба вуҷуд оварда, манфиат ба даст меоранд. Бо дасти худи мусулмонон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ғайрисуннатиро таъсис дода, онро дар кишварҳои исломӣ паҳн месозанд. Мисли ҳизбу ҳаракатҳои Салафия, Толибон, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҷабҳат-ун- нусра, Ҳизби исломии Ӯзбекистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Чунин гурӯҳҳо дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ташкил шуда, барои ҳадафҳои манфиатхоҳон истифода мешаванд. Он гурӯҳҳои ифротие, ки ба вуҷуд меоянд, бештар хусусияти ҷиноятӣ доранд ва пуштибони онҳо давлатҳои абарқудрат мебошад. Дар чанд соли охир абарқудратҳо бо дасти чунин ҳизбу ҳаракатҳо кишварҳои зиёдеро ноором сохтаанд. Мушкилӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои ифротӣ тавонистанд бо истифода аз шабакаҳои таблиғотӣ, хусусан интернет дар бисёр кишварҳои Осиёи Миёна фазо бисозанд ва пайравони худро пайдо намоянд. Онҳо мардумонеро, ки донишу ҷаҳонбинии саҳеҳ надоранд, бо сармоя ва аслиҳаи ҷангй таъмин намуда, гӯё ба роҳи ҳақ даъват менамоянд. Аммо дар асл чунин нест. Ифротгароӣ гумроҳист.

Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ пайрави чунин ҳизбу ҳаракатҳо шуданд. Ин раванд бисёр нигаронкунанда буда, омили асосй дар нооромии кишвар ва минтақа хоҳад гашт. Раванди мазкур солҳои пештар зиёд буд. Аммо аз таҳлилҳое, ки чанде пеш доштем маълум гардид, ки шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нисбат ба солҳои қаблӣ аллакаӣ кам гардидааст. Барои пешгирӣ намудани ин раванд Ҳукумати кишвар ва ниҳодҳои қудратии он дар навоҳии гуногун чорабиниҳои зиёд гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Чаро ҳаводиси ҷаҳони муосир як навъ аз нав тақсим шудани ҷаҳон миёни давлатҳои абарқудрат ва аз хатарҳои асосӣ барои дигар кишварҳо аст? Давлатҳои абарқудрат ҳамеша аз озодй сухан мекунанд ва расман таъкид месозанд, ки замони мустамликадорй ба поён расидаасту кишварҳо баробарҳуқуқанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ рушд намоянд. Масъала зоҳиран чунин намояд ҳам, аммо дар асл чунин нест. Он воқеаҳое, ки имрӯзҳо дар иддае аз кишварҳо рух медиҳанд, амри тасодуфӣ нест, балки нақшаҳои қаблан тарҳрезӣ шудаанд, ки аз ҷониби давлатҳои абарқудрат омода гардидаанд. Ин як навъ мустамликасозист, ки вобаста ба рушди технология ва ҷаҳони иттилоотӣ дар шакли нав зуҳур кардааст ва барои ҳамаи кишварҳо хатари асосӣ ба шумор меравад. Дар чунин шароит кишварҳое, ки дар онҳо ваҳдату муттаҳидӣ пойбарҷо нест ва мардумонаш аз ин раванд огоҳии дуруст надоранд, дар зери хатари нобудшавӣ қарор хоҳанд гирифт.

Тоҷикистон дар бархӯрди чунин муносибатҳо чӣ гуна метавонад истодагарӣ намояд? Миёни мардум, хусусан ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардад, то мардум бидонанд, ки мақсад аз таъсиси гурӯҳҳои ифротӣ чист ва пушти ин бозиҳои сиёсй киҳо истодаанд. Аз ҷониби дигар, дар чунин шароите, ки ҷаҳони муосир ба он рӯ ба рӯст, моро зарур аст, ки ваҳдату ягонагии худро боз ҳам мустаҳкам намоем ва истиқлолияти худро ҳифз бисозем, зеро танҳо ваҳдату якдилй, истиқлолияти комил моро аз ҳама гуна хавфу хатар нигоҳ медорад.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон чопи адабиёти динӣ ва воридоти онҳо ба кишвар аз мамлакатҳои мусулмонӣ ба маротиб афзуд. Ҳамзамон, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ба ном исломӣ ва гурӯҳҳои ғаразнок бо истифода аз ин фурсат китобҳои дорои ақидаҳои ихтилофангез ва ифротиро ба сифати ҳадя ба Тоҷикистон ворид карданд. Дар ибтидо аксари мардум, ба истиснои мутахассисон, фарқ кардани чунин адабиёт ва ба мазҳаби Имоми Аъзам бегона будани онҳоро намедонистанд. Дар натиҷа, дар Тоҷикистон гурӯҳу созмонҳое пайдо шуданд, ки худро салафӣ ё «ломазҳабӣ», яъне бемазҳабӣ меномиданд. Онҳо ягон мазҳабу равия ва мактаби исломиро қабул надоштанд ва гумон мекарданд, ки дар роҳи ҳақанд. Кор ба ҷое расид, ки дар баъзе масҷидҳо муноқиша ва ихтилофҳои мазҳабӣ сар заданд. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бузургдошти Имоми Аъзам баргузор гардид, ки дар он олимони маъруф аз кишварҳои гуногуни олам ширкат доштанд. Дар ин ҷашн онҳо иброз доштанд, ки Имоми Аъзам – Абуҳанифа шахсияти бузургест, ки аҳли ҳамаи мазҳабҳо ӯро эътироф кардаанд ва мешиносанд. Вале боз ҳамон ақидаҳои салафӣ паси пардаи ҳанафӣ таблиғ мешуданд. Ин масъала тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, гузарондани рейдҳои муштарак дар дӯконҳои фурӯши адабиёти динӣ ҳалли худро ёфт. Мутаассифона, таблиғоти чунин гурӯҳҳои ифротӣ тавассути интернет ба роҳ монда шуд. Ҳоло баъзе мубаллиғони ақидаҳои салафӣ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд ва ё фаъолият доранд, ба воситаи сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон ҳавзаҳои илмии худро таъсис додаанд. Онҳо ҳар гоҳ дар сомонаи муайян дарсҳои ақидавии худро мегузаронанд. Ин мубаллиғон бо сутудани мазҳаби Имом Абуҳанифа ақидаҳои ғайр ва ихтилофангезро дар байни ҷавонон таблиғ менамоянд, ки метавонад ба амнияти кишвар халал ворид созад. Бинобар ин, Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид месозанд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғоз дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти экстремизм ва терроризм қарор дошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи худ дарк кардаанд, ки танҳо давлату давлатдории пойдори миллӣ, беҳтар шудани зиндагии мардум, раванди бебозгашти ободонию созандагй, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ ояндаи дурахшони моро муайян карда метавонанд.

Дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо роҳи дигаре ба ҷуз дарёфти ҳалли дурусту оқилонаи ин масъалаи ташвишовар надорем. Ҷавонони хушбахти Ватан бояд донанд, ки натиҷаи кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ танҳо пушаймонию саргардонӣ аст.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *