Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлолият – муқаддассоти давлату миллати тоҷик.- Котиби маҷлиси судӣ Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Имсол дар саросари кишвари маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мегардад.

Истиқлолият чист? Калимае, ки вуҷуди миллату давлатро чун номуси ватандориву ватанпарварӣ тарбия намуда, мардумро ба ягонагиву сулҳу субот ва давлатро  ба мустақилият аз дигар давлатҳо мубаддал мегардонад. Сарчашмаи худи давлати соҳибистиқлол аз сулҳу оштӣ ва дӯстии миллатамон арзёбӣ мегардад.

Дӯст ояд сахт дар оғӯш гир,

Расми хуби тоҷиконро гум макун.

Ин суханҳои пурмазмуни устоди бузургамон Мирзо Турсунзода барои ҳар мардуми бофарҳангу баномуси тоҷик таъсири мусби расон.

Бо шарофати марди бузургвор, марде, ки барои халқаш ҷонашро дар хатар гузошт, марде ки мардумро барои сулҳ бастан сарҷамъ кард, марде ки халқро аз гуруснагиву ҷангу ҷидол раҳо баст ва давлати тоҷиконро бо роҳи сулҳу субот дубора сохт, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати мо тоҷикон дар қатори дигар давлатҳои дунё ҳамчун давлати мустаъқил, соҳибихтиёр дониста шуд.

Ҷанги шаҳрванди барои миллат ва давлат чандин харобиҳоро расонд, ки халқ ин рӯзҳоро ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад кард. Бояд гуфт ки ҷанг ба мардум танҳо зиён меоварад ва давлатро ба порагӣ оварда мерасонад, ин ҳолатҳоро Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Ҷаласаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардида буд, хуб ба инобат гирифта, ба мардуми тоҷик ваъдаи хешро оид ба  сулҳ оварданро дод, ки имрӯзмо мебинем, ки дар ҳақиқат ин фарзанди фарзонаи миллат ба ваъдаи хеш вафо кард.

Дар зарфи 29-соле, ки тоҷикон бо давлати мустақилашон зистанд, сиёсату иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои фаъолияти давлату давлатдорӣ ба таври мусбӣ табдил дода шуд, аз ҷумла кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати таринзитӣ ба давлати саноатикунонӣ табдил дода шуд, ба яке аз ҳадафҳои стратегиамон ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштем, ки ин ҳама бо шарофату дастгириҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тоҷикистон-давлати тоҷик ва тоҷик миллати куҳанбунёди ориёӣ мебошад. Қавме ки таърихаш бойу рангин аст. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Абу Али ибн Сино, Садриддин Айнӣ, Умари Хайём ва дигар бузургон миллатон форсу тоҷик мансубанд. Онҳо шахсоне буданд, ки барои давомноки миллати хеш чӣ қадар кӯшишу ғайрат намуданд то, ки мо имрӯз  тавонем ҳамчун миллати соҳибистиқлол ояндадории давлатамонро пеш барем.

Зинда бод, Истиқлол, зинда бод ваҳдат ва зинда бод миллату давлати тоҷик!

                           

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *