Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Машғулияти семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳ

admin Хабарҳо


Мақсад аз ин машғулиятҳо баланд бардоштани савияи дониши касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мебошад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ҷалб карда мешаванд.

Дар семинари машғулияти, ки бо судяҳо баргузор гардид, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин  Азизӣ дар мавзӯи “Тобеияти идоравии парвандаҳо дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, тартиб ва хусусияти хоси баррасии онҳо (эътирофи ҳуқуқи моликият) ва Судяи Суди Олии иқтисодӣ Камолзода Р. дар мавзӯи   “Мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи боҷи давлатӣ”, Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 18 октябри соли 2019 “Оид ба таҷрибаи татбиқи қонунгузорие, ки тартиби ситонидани хароҷоти судиро вобаста ба баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодӣ ба танзим медароранд”: тартиби пардохт ва андозаи боҷи давлатӣ барои муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ, инчунин ҳалли масъалаи баргардонидан ва тақсими боҷи давлатӣ зимни қабули санади судӣ” баромад намуда мавзӯҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор доданд. Инчунин муҳокимаи сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ (ҷамъбасти амалияи судӣ вобаста ба сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ) ба роҳ монда шуд.

You May Also Like..

РУЙХАТИ ПАРВАНДАҲОИ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ ҚАРОР ДОШТАИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1-14/24 С/И Садуллоев Хуршед Гулмуродович ҶДММ “Соро Компания” Оид ба руёнидани зарари модди ба маблағи 3 352 657 сомонӣ 04.12.23 05.03.24 С […]

Рӯзӣ 30 августи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Рӯзӣ 30 августи соли 2023  дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *