Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Роҳҳои гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ! -Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Масъалае, ки ин навбат бо дарназардошти вазъи сиёсии ҷомеаи муосир дар меҳвари чорабинии мазкур қарор гирифтааст, ин хатарҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Ин ба он хотир аст, ки имрӯзҳо ба ҳисоби миёна беш аз 80%-и таркиби гуруҳҳои ифротиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва бо дарназардошти рушди технологияи муосир ва осебпазир гардидани фазои иттилоотӣ беш аз 90%-и ҷавонон ҳадафи ҷалби эҳтимолӣ ба гуруҳҳои ифротӣ қарор гирифтаанд. Ин воқеан рақами нигаронкунанда ва ташвишовар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.

Албатта мавқеи коршиносон нисбат ба омилҳо ва сабабҳои гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ гуногун мебошад. Аз маъмултарин сабабҳои матраҳ дар муҳокимаи коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ба суръати тез ҷалб гардидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ инҳо мебошанд:

  • бекорӣ;
  • камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ;
  • саводи казоии динӣ ва дунявӣ надоштани як қишри муайяни ҷомеа;
  • дур мондани насли хурдсол аз таълиму тарбия;
  • ноустувории оилаҳо;
  • бетарафии фаъолони ҷомеа;
  • фаъолияти сусти муассисаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ ва ғайраҳо

Албатта бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ ин омилҳое ибтидоӣ буда наметавонанд ба унвони омили асосӣ истифода шаванд. Масалан, метавон аз тамоми дунё чандин мисолҳо овард, ки аксари нафарони ба гуруҳҳои ифротӣ пайваста аз лиҳози бекорӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти молӣ камбудӣ надоштанд. Ва нафароне ҳам, ки бад-ин омилҳо ба гуруҳҳои ифротӣ пайвастаанд, бешак ба онҳо омилҳои минбаъда таъсири асосиро гузоштааст. Вагарна ба ҳеҷ ваҷҳ он гуруҳҳои ифротӣ барои эшон шароити беҳтару хубтари зиндагӣ пешниҳод карда наметавонанд. Баръакс, эшонро ба сӯи ранҷ ва маргу бадбахтӣ тела медиҳанд.

Вобаста ба ин масъала нахуст як нуктаро мебояд ба инобат гирифт, ки пайдоиши гуруҳҳои ифротӣ бештар аз рақобатҳои идеологӣ ва бархурди манфиатҳои сиёсиву геополитикии қувваҳои муайян сарчашма мегиранд. Дар ин рақобатҳо аз ҳама бештар диққат ба нуқтаи ҳассостарини эътиқоди омма, яъне бовариҳои динии он мутамарказ карда шудааст ва ин яке аз роҳҳои осонтарини тафриқа андохтан байни ҷомеа мебошад.

Имрӯзҳо аз хавфноктарин гуруҳҳои ифротӣ ин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти динидошта мебошанд, ки бо сӯистифода аз номи Ислом дар ҷомеа нуфузи муайян ба даст оварда, дар пайи фитна ангехтан миёни ҷомеа мебошанд. Ҳодисаву воқеаҳои кишварҳои арабӣ бори дигар хатарнок будани ин омилро нишон доданд. Яъне новобаста аз исломӣ будан ва набудани давлат, новобаста аз мусалмон будан ё набудани аксари аҳолии кишвар, агар ихтилоф ангехтан лозим бошад, ҳатман онро аз дидгоҳи бархурдҳои диниву мазҳабӣ ва тафриқа байни диндорон роҳандозӣ хоҳанд кард. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин, ки барои чунин гуруҳҳо аз Ислом танҳо номаш лозим аст ва ин ҳам барои гумроҳ сохтани мусалмонон.

Бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои фаъолшавии гуруҳҳои террористиву экстримистӣ ва хатарҳои он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додааст ва эшонро ба муттаҳидшавӣ алайҳи чунин зуҳуроти номатлуб даъват намудааст. Ҳамзамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар баромадҳои худ аз мардуми кишвар даъват ба амал овардааст, ки «ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед», «ватану миллати худро дӯст доред», «ба арзишҳои милливу маънавии худ эҳтиром гузоред». Инчунин, дар муроҷиат ба асолатбохтагону раҳгумзадагон босароҳат таъкид кардаанд, ки «ба ватану миллат хиёнат накунед», «ба умеди хоҷагони хориҷиатон нашавед. Онҳо бо дасти худамон хонаи моро сӯзонда, моро дар миёни оташ гузошта баромада мераванд».
Аз ин таъкидҳои Сарвари давлат бармеояд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз нуфуз ёфтани гуруҳҳои ифротӣ ин ваҳдати миллӣ ва иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардум мебошад.

Ҳамзамон, ҷиҳати бохабар шудани ҷомеа аз рукнҳои аслии Ислом бо ташаббуси Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон бо забони тоҷикӣ тарҷума ва паҳн карда шуд. Дар ин бобат фаъолони ҷомеаро зарур аст, ҳамвора дар байни мардум, махсусан ҷавонон кор бурда, ба эшон воқеияти арзишҳои динӣ ва муносибати онҳоро ба арзишҳои дунявӣ фаҳмонанд.

Бояд гуфт, яке аз минбарҳои аслии гуруҳҳои ифротӣ ин сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мубаллиғон мавзӯъҳои баҳснокро ба муҳокима мегузоранд, нуқтаи назари худро бо истифода аз номи Худо ва аҳодиси пайғомбар (с) кӯшиш мекунанд то андозае мутобиқ созанд ва дар охир иштирокчиёни баҳсро ба ҷониби худ ҷалб намоянд. Дар ин маврид омили пешгирикунанда ҷавоби сазовор додан ба эшон аст. Ин раванд бетарафиро намепазирад. Фаъолони ҷомеаро зарур аст воқеан фаъол будани худро нишон диҳанд ва дар бахсҳои шабакаҳои иҷтимоӣ на ба ҳайси тамошобинони бетараф балки ҳамчун ҳомиёни воқеии ватану миллати худ баромад намоянд ва бо таъсири сухани худ иддаои ифротгароёнро ботил сохта, ҷавононро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд.

Месазад махсус қайд намоем, ки солҳои охир дар кишвар як қатор иқдомҳои созанда рӯи даст гирифта шудаанд. Аз ҷумла қабул намудани қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Қонун воқеан ҳам созанда аст ва дар сурати аз ҷониби волидайн амалӣ гаштани ҳамаи унсурҳои он фарзандон аз тарбияи оила ба хуби бархурдор гардида, эҳтимоли ҷалби онҳо ба гуруҳҳои ифротӣ аз байн меравад. Бубинед, имрӯз чи қадар падарону модарон аз доғи фарзандони худ, ки ба чунин гуруҳҳо пайвастаанд, ранҷ мекашанд. Аксаран, ин натиҷаи ҳамон бетафовутӣ дар таълиму тарбияи фарзанд ва беаҳамиятӣ нисбати солимии муҳити атрофи кӯдакон мебошад. Пас ин ҷо низ аҳли ҷомеаро зарур аст ҷиҳати механизми иҷрои ин қонуни стратегӣ ҳамаҷониба саҳмгузор бошанд.

Ҳамзамон, шоёни ёдкард аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон соли 2015-ро соли оила эълон намуд. Воқеан ҳам ин иқдоми бисёр дурандешона аст. Зеро танҳо оилаи солим омили бақои миллату давлат мебошад. Ҷавонон маҳз дар оилаи солим метавонанд аз лиҳози маънавию мафкуравӣ ташаккул ёфта, мавқеи худро нисбати зуҳуроти мухталифи ҷомеа дуруст муайян кунанд. Ба ин хотир бо боварӣ метавон гуфт, ки дастгирӣ аз ин иқдом ва амал намудан ҷиҳати солим нигоҳ доштани муҳити оилавӣ яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ аст.

Аз дигар роҳҳои пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин тарғибу ташвиқ ва ба талаботи ҷомеаи муосир мутобиқ сохтани расму анъанаҳои таърихии миллати тоҷик мебошад. Дар ҳамин замина тарғиби боҳунаронаи таърихи пурифтихори миллати тоҷик метавонад хотираи таърихии ҷавононро бедор сохта, дар ҳамин замина даъвоҳои дуруғини гуруҳҳои ифротии бегонапарастро пеши назарашон ботил ва ночиз гардонад. Мо барои ин захираҳои воқеии маънавии тарғиботиро дар ихтиёр дорем. Мо «Шоҳнома»-и устод Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуровро дар даст дорем, мо пешвои мазҳабие дар шахси Имоми Аъзам дорем, дар маҷмуъ мо хазинаи бойи таърихиву адабӣ дорем, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо инкишоф ёфта, бақои миллати тоҷикро дар тӯли садсолаҳои бедавлатӣ таъмин кардаанд. Дар ин сурат миллати тоҷик ҳуқуқи маънавии роҳ додан ба ифротишавии ҷавононро надорад ва тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст дар тарбияи бошууронаи ҷавонон саҳм гузорад. Гуфтан ба маврид аст, ки раванди Глобализатсия мутаасифона на танҳо тақдири қишру гуруҳи муайян балки тақдири мавҷудияти миллатҳо, давлатҳо ва фарҳунгу тамаддунҳоро дар оянда зери суол бурдааст. Ба ин хотир ба души мо ҷавонон масъулияти сангин ва дар айни замон пуршарафи ватандориву ватансозӣ гузошта шудааст.

Чун ҷавононро ояндаи миллат мегӯянд, дар ин сурат мо ҷавонон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд нисбати тақдири ояндаи ҳамсолонамон бетараф бошем. Моро зарур аст ҳамвора дар пайи ислоҳи ҳамдигар бошем ва нагузорем, ки кадом як асолатбохтае дини моро ба муқобили худамон истифода барад, бародарамонро ба мо бегона намояд ва моро ба модар-ватанамон душман созад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *