Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мафҳум, субъект, объекти коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ. – Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

«Бо назардоштаи он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додаем» . Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , соли 2008.

Коррупсия (фасод) таърихи хело қадима дорад ва басо барвақт пайдо шудааст.

Аз таърих дида мешавад, ки корупсия дар давраи авали солшумории мелодӣ ва пеш аз он ҳам вуҷуд доштааст.Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки ин масъала  дар  китоби мукаддаси мо мусулмонон «Қуръони карим»  ва баъдан аз қонунҳои Хамураппи, 12 ҷадвал  низ дида мешавад, ки гирифтани пора ришва ҳаром шуморида шуда ҳамчун ҷиноят ва гуноҳи бузург дониста шудааст.

Имруз низ ҷомеаи ҷахониро проблемаҳои коррупсия ба ташвиш овардааст. Аз ин хотир Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия таҳия шудааст ки то ба имруз зиёда аз 140 давлати дунё онро имзо намудаанд.

Муҳиммияти ин ҳуҷҷатиСозмони Миллали Муттаҳид- ро ба назар гирифта Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинхо шуда –  25 сентябри соли 2006 ба он  имзо намуд.

Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Парламенти Тоҷикистон- Мачлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ( ратификатсия) карда шудааст ва  минбаъд  Қисми таркибии   системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта ҳамаи қонунҳои қабул намуда бо дарназардошти  меъёрҳои он таҳия ва қабул шуда истодаанд.

Дар сарсухани ин ҳуҷҷат омадаст, ки коррупсия як вабои мудҳиш аст, ки бо роҳҳои гуногун ҷомеаро фалаҷ месозад.

( Оиди пахлуҳои ва мазсуну мундариҷаи ҳуҷҷати мазкур дар дарсҳои то ба имруз гузашта ва баъдина мукаммал истода мегузарем.

Баъди ноил гардидан ба соҳибихтиёрӣ дар ҷумхурии мо сатҳи коррупсия хело  баланд буд.

Ба ин пеш аз ҳама ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар кишвари мо рух дода буд  ва бисёр дигар сабабҳои вобаста ба он ба корупсия мусоидаткунанда сабаби ҷой доштан ва рушди он гардидааст, ки дар поён оварда мешаванд:

– факторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ва иҷтимоӣ.

–  сатҳи камбағалии аҳолӣ,

– тайёр набудани аҳолӣ ба муносибатҳои нави иқтисодӣ, иқтисоди бозоргонӣ, ва дуруст сарфаҳм нарафтан ба қонунҳои нави иқтисодӣ,

-дар сатҳи лозима қарор надоштани шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ,

-дараҷаи нокифояи  маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳоказо.

Дар қатори  ҳамаи он чорабиниҳое, ки барои мубориза бар зидди корупсия пешбинӣ шудаанд, пеш аз ҳама чораҳое, ки баҳри пешгирии коррупсия ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия муосидаткунанда равона шудаанд, роли басо муҳим мебозанд. Зеро ,  то мо сарчашмаи пайдоиши ин ё он зиён, ё падидаи номатлубро ошкор накунем ва дар давраи аввали пайдоишаш  сари роҳи онро нагирем ва чораҳои мушаххас бахри пешгирӣ ва паҳншавии он андешида амалӣ накунем, баъди паҳну парешон шудани он  мушкилиҳои зиёде дар ин самт садди роҳи мо мешаванд.Ба акидаи ман ин ба мисли он эпидемия( вабо, зукоми паҳншавандае ваҳоказо) аст, ки беҳтар мебуд, ки садди роҳи он дар даврае, ки  як ё ду кас  гирифтор шудааст бояд гирифт, нисбати оне, ки  ба як гуруҳи зиёди одамон паҳн шудааст ва табобати онҳо хело мушкил аст.

Роҳбарияти сиёсии мамлакат аз рузхои  аввали ноил шудан ба соҳибихтиёрӣ ба масъалаи мубориза бо коррупсия ва пеш аз он ба масъалаи пешгирии коррупсия диққати ҳамаруза дода истодаанд. Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби  Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳамсолаи худ  оиди зарурати дарки коррупсия,  муқовимат бар он ва ҷалби тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро  дар ин самт таъкид доштаанд ки ин дастурҳои рахнамунсо ва олии вай ба ин самт равона шудаанд ва сармашқи кори ҳамагон шудааст. Қабули  Қонун  «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» , таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қонун дар бораи ин мақомот, таҳия ва қабули Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ( № 34 аз 26 январи с. 2008) тасдиқ гардидааст ва амалӣ намудани он,  қабули бисёр қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дигар дар самти мазкур  тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.

Акнун мегузарем ба таърифоти коррупсия  аз нуқтаи назари қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қонун «Дар бораи мубориза бо коррупсия»  таҳти № 100 аз 25 июли соли 2005 қабул гардидааст ва баъдан дар таҳрири нав таҳти № 296 аз 30 июли соли 2007 нашр шудааст.

Тибқи талаботи моддаи  1 қонуни мазкур ба коррупсия чунин таърифот дода шудааст:

«Коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани  ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.»

Чи тавре , ки ба Шумо маълум шуд, интаърифотӣ қонун аст ва эхтимол барои баъзан одамон мушкилфаҳм ҳам бошад вале басо дуруст ва ба талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ низ мувофиқат мекунад.

Агар соддатар карда гуем  коррупсия – ин 49 ҷиноятҳои коррупсионӣ, 20 адад ҳукуквайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ ва омилҳои коррупсионӣ, аз қонун дар бораи мубориза бо коррупсия бармеоянд ( ё худ ба таври илмӣ онҳоро  хуқуқвайронкуниҳои интизомии коррупсионӣ ном мебарем ташкил медиҳад. Ин таъриф кутҳ аст вале ба маънои он баъди пурра шинос шудан ба ҳамаи намудаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ сарфаҳм рафтан мумкин аст.

Дар Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми коррупсияро  дар ягон ҷой во намехуред вале 49 адад ҷиноятҳои махсусан вазнин ва вазнин ба ин руйхат шомиланд, ки онҳо дар бобҳои гуногуни  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудаанд ва ягон бобби алоҳида ба корупсия бахшида нашудааст., ки аломатҳои таркибии ин ҷиноятҳо ба таърифоти аз руи қонун ба коррупсия дода мувофиқат мекунанд.

Бори аввал дар ҷумҳурии мо  номгуи ҷиноятҳои коррупсионӣ  дар «Дастурамали омории ҷиноятҳои характери коррупсионидошта ва феҳрести ин ҷиноятҳо», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 414 аз 7 сентябри соли 2006 тасдиқ карда шудааст оварда шудааст.

Мувофики  ин дастурамал 41 адад ҷиноятҳои бобҳои гуногуни Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба руйхати ҷиноятҳои коррупсионӣ шомил шудааст.

Баъдан тағироту иловаҳо ба ин қарор ворид карда шудааст яъне, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид кардани тағироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006 таҳти № 414» аз 30 ноябри соли 2007 № 600.

Мувофиқи қарори охирон 8 адад ҷиноятҳои дигар ба руйхати ҷиноятҳои коррупсионӣ шомил карда шудаанд ва дар маҷмуъ 49 адад ҷиноятҳо коррупсионӣ шуморида шуданд.

Дар масъалаи ин дастурамал мавзуи алоҳида ҷудо шудааст, ки шумо  маълумоти пурра оиди Дастурамали мазкур ва  номгую намуди ҷиноятҳои коррупсионӣ дастрас мекунед.

Алоқамандии коррупсия бо дигар ҷиноятҳо:

Коррупсияро дар як вақт аз дигар ҷиноятҳо пурра ҷудо намудан ғайри имкон аст. Зеро ки маблағхои аз коррупсия ба даст омада метавонад барои терроризм истифода бурда шавад. Ё ки баракс маблағҳои аз гардиши ғайриқонунии маводи муходдир ба даст омада метавонад барои пора истифода бурда шаванд ё ки барои терроризм истифода шаванд. Баъзан чунин мешавад, ки шахси мансабдоре, ки даст бо коррусия мезанад бо дигар ҷинояткорон  ташкилоти ҷиноятӣ ташкил мекунанд ва бо ҷинояткориҳои муташаккил ахдномаи ҷиноятӣ мебанданд.

Ба ҳамин монанд, ҷинояти шустушуи маблағҳои  бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст омада низ ба коррупсия алоқамандии зич дорад.

Ҳукуквайронкуниҳои коррупсионӣ ва гурухбандии онҳо.( ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳукуквайронкуниҳои корупсионии маъмурӣ ва интизомӣ)

Омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда.

Чи тавре ки дар боло қайд намудем то ба имруз чунин як илми махсус ҳамчун  як предмети дарсӣ  набуд ва ин кушиши аввалини мо аст ва барои ҳамин ҳам якҷоя бо Шумо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва шуури ҳуқуқии ба он асосёфтаро ба назар гирифта  намуду гуруҳҳои коррупсияро муайян мекунем.

Аз руи дараҷаи хатарнокӣ ба чамъият  хамаи қонуншиканиҳои коррупсионӣ ба

–    Ҷиноят

–    ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ,

– ва интизомӣ ( ё омилҳои ба кооррупсия мусоидаткунанда)

тақсим мешаванд.

Дар ҳамин ҷой ру меорем ба таърифоти  коррупсия ки дар модаи 1 қонун аст. Ин таърифот ҳам ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳам ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии коррупсионӣ ва ҳам ба интизомии коррупсионӣ мувофиқат мекунад.

Ҷиноятҳои коррупсионӣ аллакай чи тавре ки дар боло қайд намудеам дар КҶ  оварда шудаанд ва номгуашон бошанд дар Дастурамале, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик шудааст, нишон дода шудаанд.Барои мисол якчанд ҷинояти корупсиониро номбар мекунем.

Моддаи 319. Гирифтани пора.

Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар шакли пул, қоғазҳои қиматнок, дигар амвол ё фоидаи  дорои характери амволӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян  ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ў агар чунин ҳаракат ё беҳаракатӣ ба доираи ваколати шахси мансабдор дохил бошад ё он вобаста ба  кудрати мавқеи мансабиаш  ба чунин ҳаракат муосидат карда метавонад, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ, ё саҳлангорӣ дар хизмат,

Моддаи 320 Додани пора.

Додани пора шахсан ба шахси мансабдор ё аз тариқи миёнарав,

Аз руи аломатҳои таркибӣ ҳар як ҷинояти коррупсионӣ аз дигараш фарқ мекунад, аз руи субъект, объект тарафи субъективӣ ва объективӣ.

Чи тавре ки олими биологи англис Чарлз Дарвин кайд намудааст дар дунё на ин ки ду дарахти якхела ва ҳатто ду барги якхела бо тамоми аломатҳояшон  монанд ёфт намешавад ва умуман ду падидаи якхела , ду предмети якхела , ду одами пурра ба ҳам монанд, ёфт намешавад ва ҳамин тавр ду ҷинояти якхела низ ёфт намешавад.

Субъектҳои коррупсия.

Мафҳуми субъектҳои корупсия хело васеъ аст . Зеро ки дар зери ин мафҳум  фаҳмида мешаванд ҳам шахсоне, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ содир мекунанд, ҳам шахсоне, ки кирдорҳои маъмурии корупсионӣ содир мекунанд ва шахсоне, ки даст ба омилҳои коррупсионӣ ва ё ҳуқуқвайронкуниҳои интизомии коррупсионӣ мезананд.

Субъектҳои корупсия як хусусияти умумӣ доранд, ки  он ба ҳамаашон хос аст. Ҳам ба ҷинояткорон, хам ба кирдорҳои маъмурӣ ва интизомисодир кунандагон.    Яъне, ки дорои ваколатҳои шахси мансабдори давлатӣ будан. Ё  дорои ҳуқуқи молиявӣ- хоҷагӣ ва амрдиҳӣ доштан  дар макомоти давлатӣ ва ё дар қушунҳои  ҳарбӣ   мебошанд.

Аз худи таърифоти коррупсия бошад субъектҳои коррупсия ба се гуруҳ ҷудо мешаванд:

– шахсони ба ичрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор,

– шахсони ба шахсони ба ичрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда,

– шахсоне, ки ба ин шахсон    ин гунна неъматҳои модӣ ва ғайримоддӣ ва  бартариятҳоро пешкаш мекунанд.

Субъектҳоигуруҳи аввал –  шахсоне, ки ба ичрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор шахсоне мебошанд, ки  мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ,  ё мансаби давлатии хизмати давлатиро  мувофики Қонун дар бораи хизмати давлатӣ,  аз чумла дар қувваҳои мусаллах ичро мекунанд,  хамчун шахсони мансабдори субъектҳои хочагидори давлатӣ, ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки ҳиссаи давлат аз нисф зиёд аст( дар хочагии онҳо моликияти онҳо).

– шахсони ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда, –  шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори ташкилотҳо,  новосбаста аз тобеият ва шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъияти, хизбҳои сиёсӣ,  ва ташкилотҳои динӣ,  шахсоне, ки мувофиқи тартиби муқарарнамудаи қонун ба вазифаҳои давлатии интихобӣ ва  аъзои мақомоти давлатии интхобӣ ба қайд гирифта шудаанд,  шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои  байналмилалӣ, ба шахсони  мансабдор мақомоти давлатӣ,  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд, мебошанд.

– Ба гуруҳи сеюми шахсон ҳама гуна шахсони вокеие , ки субъекти умумии чиноят шуда метавонанд шомиланд.  Ба ин гурух мумкин аст  шахси порадиҳандаро, ки у ҳам ҷиноят содир мекунад. Агар ба шарте, ки талаботи дар КҶ пешбини шударо риоя  накарда бошад. Эзоҳи моддаи 320.

Агар аз ҷониби шахси мансабдор тамаъҷуии пора ба амал омада бошад, ё  шахси порадода иҳтиёран ба мақоме, ки  ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад, хабар диҳад.

Набояд фаромуш кард, ки онҳо аломатҳои хоси фарқкунанда ҳам доранд.

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *