Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Асосҳои ҳуқуқии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолияти давлатӣ самараи ба даст овардани дастовардҳои тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ гардида, ба туфайли он миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуда, сиришти модию маънавии миллати тоҷик руҳияи тоза пайдо намуд. Новобаста аз қабул гардидани аввалин санадҳои ҳуқуқӣ, ки Исқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон менамуданд, аз ҷумла Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 моҳияти ҳақиқии Истиқлолияти давлатӣ пайдо нагардид. Яъне дар як мудати кутоҳ ба миён омадани ҷанги шаҳрвандӣ ва фалаҷ гардидани асосҳои сохторӣ конститутсионӣ зарурати андешидани чораҳои таъхирнопазир дар ин самтро талаб менамуд. Маҳз ҳақиқати тақдир боиси баргузории Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ ва интихоби шахсияти бузурги таърих – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба миён овард. Бо ҷаҳду талош ва хиради азалии Пешвои миллат дар кишвари азизамон сулҳу суббот пойдор гардида, асосҳои сохтори конститутсонӣ барқарор ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ ба миён омад. Дар ҳамин замина, моҳияти ҳақиқии Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати Пешвои миллат пайдо гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гузошта шуд. Аз ин лиҳоз  Истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат бо ҳамдигар пайванди ҷудонопазир буда, зарурат ба эътироф ва ҳифзи устувори онҳоро тақозо менамояд.

Воқеан ҳам, тавре ки аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» бар меояд: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад».

Тавре дар боло зикр карда шуд, соҳибихтиёрии Тоҷикситон ҳамчун падади ҳуқуқи конститутсионӣ марҳилаҳои муайяни таърихиро сипарӣ намудааст. Ҳодисаи моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамонвақтаи ИҶШС-шаҳри Москва, рух додани табадуллоти давлатӣ ба номи «ГКЧП» (Комитети давлатии вазъи фавқуллода) ва шикасти он ҳамаи ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи ИҶШС-ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд. Дар ин замина, марҳилаи нави бунёди соҳибихтиёри давлатии Тоҷикистон дар давраи бозсозии сохти Шўравӣ ва қабули Эъломияҳо дар бораи соҳибихтиёрии давлатии ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқӣ мувофиқ меояд. Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 тасдиқ гардид ва ба он 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Қарори Шўрои Олии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1991 дар бораи тасдиқи Созишномаи ташкилёбии ИДМ ва ба ҳайати он дохил гардидани Тоҷикистон мазмун ва қувваи ҳуқуқии Эъломияро тағйир надод. Баръкс, бо иродаи худ мустақилона ба ҳайати иттиҳодияҳои нав дохил гардидани Тоҷикистон таҷассуми равшани соҳибихтиёрии ў гардид.

6 ноябри соли 1994 бо қабул гардидани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрии давлатӣ дар меъёрҳои алоҳидаи он эътироф ва тағйирнопазир эълон гардид. Бо таври мукамал моддаи 1 Конститутсия эълон намуд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”.

Ҳамин тавр, ба туфайли соҳибихтиёр эълон гардидани Тоҷикистон имконияти сиёсати дохилӣ ва берунаи худро мустақилона муайян намуданро пайдо кард. Акнун Тоҷикистон ба аксари давлатҳои хориҷӣ робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ барқарор карда, бо онҳо алоқаи дипломатӣ ва консулиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, аъзои комилҳуқуқи СММ, САҲА, Ташкилоти конфронси Исломӣ ва ғ., гардидани Тоҷикситон ба шарофати соҳибихтиёрии давлатӣ муяссар гардид. Дар баробари ин Тоҷикистон имрўз натанҳо аъзои ташкилотҳои мазкур, балки бо ташаббусҳои муфид баромад менамояд ва пешниҳодҳои Тоҷикистон ба инобат гирифта мешавад. Ҳамчунин Тоҷикистон вобаста ба соҳибихтиёрии дигар давлатҳо дар моддаи 11 Консититуися уҳдадории зеринро қабул намудааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷўёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибати хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад».

Дар Ҷуҳурии Тоҷикистон таъмини Истиқолияти давлатӣ пурра бар уҳдаи давалт буда, тағйирнопизир будани он дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, мутобиқи моддаи 7 Конситутсия «Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст».

Дар баробари ин, кафолатҳои дигари таъмини Истиқлолияти давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ дар меъёрӣ соҳаҳои дигари ҳуқуқ васеъ ба назар мерасад. Ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ тавассути қонунгузории ҷиноятӣ таъмин карда мешавад. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фасли 13, боби 29 як қатор ҷиноятҳоро муқаррар намудааст, ки содир намудани онҳо ба соҳибихтиёрии давлат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла:

-терроризм (моддаи 179 КҶ ҶТ);

-хиёнат ба давлат (моддаи 305 КҶ ҶТ);

-бо зўроварӣ ғасб кардани ҳокимият ё бо зўроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият (моддаи 306 КҶ ҶТ);

-даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷуҳурии Тоҷикистон (моддаи 307 КҶ ҶТ);

-ҷосусӣ (моддаи 308 КҶ ҶТ);

-таҳрибкорӣ (диверсия) (моддаи 309 КҶ ҶТ);

-таҷовус ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 310 КҶ ҶТ);

-ифшои сирри давлатӣ (моддаи 311 КҶ ҶТ);

-гум кардани асноди дорои сирри давлатӣ (моддаи 312 КҶ ҶТ);

-исёни мусаллаҳона (моддаи 313 КҶ ҶТ).

Ҳамин тавр, Пешвои муаззами миллат мафҳуми васъеи Истиқлолияти давлатиро бо тариқи зерин шарҳ додааст: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихиёри Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, маҳз тавассути он самтҳои асосии сиёсати доҳилӣ ва хориҷӣ ба роҳ монда мешавад».

Дар иртибот ба ин, моро зарур аст, ки Истиқлолияти давлатиро ҳамчун муҳимтарин неъмат, сарват ва қарзи виҷдонӣ ҳифз намоем.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *