Милати куҳанбунёди тоҷик дар охири асри 20 давлати комилан мустақили Милли шуд, ки ба наздики мо 29 солагии истиқлолияти онро ҳамчун ҷашни Милли Ҷашн мегирем. Истиқлолияти давлати ин дастоварди муқадастарин ва бузургтарин таърихи навини халқи тоҷик буда, дастоварди бузурги бебаҳо ва ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳи миллати кeҳанбунёди мо мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти Роҳбарии Асосгузору сулҳу Ваҳдати Милли Пешвои миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатиро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доштаанд, ки имрӯз ба мо муяссар гаштааст, орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амали сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардидем.
Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва гавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо чузъи таркибии ҳасти ва ҳувияти миллати мо буд. Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои модди ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста карданд. Дар рукни бунёди давлатӣ мустақил, озодии инсон ва гавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо мақомоти суди мақоми махсус дорад.
Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати Милли пешвои миллат Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд адолати судӣ дар ҳақиқат ҳам бояд ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии таъмини ҳуқуқу озоди ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мебошад. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бистунуҳсол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳ парвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои бозҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Зиндагии осуда ва комёбию кушишҳо оварад! Ҷашни муқаддаси Милли-Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!