Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият – рамзи соҳибдавлатӣ мебошад. – Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Субҳонзода А.С.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад. Баробари ба даст овардани истиқлолият нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию хамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми шарифи тоҷик овард. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хоричӣ, иктисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи сохибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи такдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷахонӣ паӣдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи саӣёра ҳамсадо месозад. Истиклол чун олитарин меҳмони пурфаӣзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли 1991 қадам ранҷа намуд.

Имруз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Имруз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад. Имруз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 30 солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзиштии осоишта мекушад. Рамзҳои асосии давлати мо нишони миллӣ, парчами миллӣ, пули миллӣ мебошанд. Имруз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дастовардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар ифтихор дорад. Бузургтарин дастоварди Ҷумхурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият қабули Конститутсия мебошад. Самараи неки истиқлол аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон-манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори хар як тоҷик мебошад. Мо бояд аз ин миллати баруманд ифтихор намоем ва баҳри машҳуртар гардидани он кушишу ғаӣрат намоем.

Истиқлолият муборак ҳамватанони азиз!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *