Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

“Истиқлолият- шиносномаи ҳастии миллат мебошад”. – Муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Боиси ифтихор аст,ки яке аз дастовардҳои беназири миллати тоҷик дар охири садаи 20-ум, ин истиқлолияти комили сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастоварди бағоят пурарзиш баҳри миллати мо осон ба даст наомадааст. Пас аз заволи давлати абарқудрати сирф тоҷикӣ, давлати Сомониён  тӯли зиёда аз 1000 сол миллати боору бономуси тоҷик ҳама он анъанаву расму оини гузаштагони худ, фарҳангу маданият, осори гаронбаҳои адабӣ ва аз ҳама дида муҳимтар забони шевои тоҷикиро новобаста аз надоштани давлати хеш бо қиммати ҷони худ то ба имрӯз оварда расонидаанд. Хушбахтона санаи 9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати наве бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард.

Истиқлолият ин шиносномаи ҳастии миллат мебошад, ки бо воситаи он давлат метавонад, дар дохил ва хориҷи кишвар озодона аз номи хеш баромад намуда, дар пиёда намудани сиёсати худ дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ фаъолият менамояд.

Истиқлолият барои мо шароити мусоиде фароҳам овард, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба як қатор дастовардҳои бузург дастёб гардем.Аз ҷмула дар ин даврон даҳҳо иншоотҳои инфрасохтори дорои таъинотҳои гуногун дошта, ба монанди НБО-и Роғуну Сангтӯда,  таҷдиди роҳҳои моишингарди дорои аҳамияти минтақавию байналмилалидошта, корхонаҳои бузурги саноатӣ, биноҳои замонавии таъиноти иҷтимоиву фарҳангӣ дошта ва ғайраҳо, сохта ба истифода дода шуд,ки ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба як кишвари воҳиду тамаддуновар муаррифӣ намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила гомҳои устуворе ба пешравиҳо гузошта истода, мутобиқи муқаррароти Конститутсияи хеш мароми буёди ҷомеаи адолатпарварро қарор дода, худро давлати иҷтимоӣ муқаррар кардааст, ки тамоми саъю кӯшиши он баҳри зиндагии арзандаи сокинонаш равона гардидааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли як қатор мушкилиҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонидошта ташаббусҳои беназиреро ба сомон расонида истодааст, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмону ташкилотҳои он бо якдиливу яковозӣ қабул карда шудаанд.

Ин ҳама пешравиҳову ободкориҳо аз ҷонфидоиву хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллат,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Зеро маҳз ин нобиғаи давру замон бо гарав гузоштани ҷони ҷавони хеш он истиқлолияте, ки тайи 1000 сол орзуи онро мекардем, аз маҷрои нестшавӣ берун бароварда, дар як муддати кӯтоҳ дар кишвар Ваҳдати сартосариро ҷорӣ намуда, тамоми фарҳангу расму оини гузаштагонамонро дубора эҳё намуд.

Бархе аз ҳасудон ва бадхоҳони миллати тоҷик аз ин ҳама пешравиҳои мо дар изтироб буда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд,  ки ин иттиҳоди моро халалдор созанд. Аммо дониста бошанд, ки мо соҳибмулкони ин сарзамини   аҷдодӣ дар атрофи сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи Президенти маҳбуби кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳар як лаҳза зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паи ободу зебо гардонидани диёри худ гардида, баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии он, пешрафт ва аз таъсири хатарҳои ҷаҳони муосир ҳифозат хоҳем кард.

Мо соли ҷорӣ  29-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, ки аз ин лаҳзаҳои хеле фараҳбахш истифода намуда, хурду бузурги кишварро бо ин санаи муқаддас муборакбодӣ намуда, хоҳони он ҳастам, ки ин истиқлолияту иттиҳоди мо абадӣ бошад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *