Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Истиқлолият неъмати бебаҳост. – Нозир референти суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.И.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову  Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир дорад, таькими Истиқлолият, устувор  гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва  сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки тамоми инсоният мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти  босуръати  илму  техника ва раванди  қувват  гирифта истодаи ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии  сарвари  давлати  мо аз покизагии дини мубини ислом ва зарбаи сахт задани ў ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрўз Тоҷикистони  соҳибистиқлол  аз  зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини миллию мардумӣ анъанаҳо ва маросимҳои динӣ риоя мегарданд.

Дар ҷараёни татбиқи ин ҳадаф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тўлонӣ арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намуданд. Мақсади асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад, ки ба анъанаву суннатҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву  фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунанд.

Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *