Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Истиқлолият гарави ҳуқуқу озодиҳост. – Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Аз рӯзҳои нахустини бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид намуданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Воқеъан ҳамин ягона роҳе ҳаст, ки метавонад ниёзҳои табақаҳои гуногуни ҷомеаи моро бароварда созад. Илова бар ин, Пешвои муаззами миллати мо дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳанг, забон, дину мазҳаб ва расму оини ниёгон корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати таблиғ ва эҳёи онҳо шароити мусоидеро фароҳам овардаанд.

Дар ин замина аз ҷониби Пешвои муаззами миллат даҳҳо китобҳо таълиф гардидаанд, ки имрӯзҳо ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд. Истиқлолият – ин санаи таърихӣ ва рӯйдоди фараҳбахш 9 – уми сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва ин аст, ки ҳама сола расман санаи 9 сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Яъне, аз ҳамон вақт то ба имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас мансуб меёбад. Тавре ҳамагон медонанд даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкораҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеъии миллатро таъмин намуд.

Ва тавре ки мо медонем, санаи 26 марти соли 2009 дар заминаи пайдоиши ҷунбишҳои динию мазҳабӣ бо мақсади солимгардонии фазои динӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба дин ва нигоҳ доштани эътиқоди ноби мазҳабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қабул гардид. Қонуни мазкур ба эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод ба талаботи Конститутсия ба яке аз ҳуқуқҳои фитрии инсон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин арзи эҳтиром гузошта, табиати давлатии дунявӣ доштани Тоҷикистонро ба инобат гирифтааст.

Бале, тӯли асрҳои гузашта миллати тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳангии асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби мардумӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо талқини афкори пурарзиши “Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва ҳамчунин, рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солим ва таъмини озодии башардӯстона бараъло хидмат кардааст.

Истиқлолият дастоварди бузурги халқи тоҷик аст. Истиқлолияти давлатии кишварро ҳифз намудан вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеа аст. Моро зарур аст, ки воқеъан ҳам ба ин неъмати бебаҳою беназир арҷгузорӣ намуда, баҳри ҳифзи он ҷони хешро дареғ надорем.

You May Also Like..

Шиносномаи миллат.- Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Имрўз ба ҳамаи мо, махсусан ба насли калонсол маълум аст, ки 26 сол муқаддам Тоҷикистони соҳибистиқлол дар чӣ гуна ҳолати […]

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. […]

Паём – ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар мебошад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *