Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Мубориза ба муқобили коррупсия-масъулият ва мароми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

 Ба шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи заминаҳо ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсия дар кишвари мо фароҳам овардашуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлубт аъмин карда шудааст.

Аз ҷумла, дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгўй қабулшуда, ниҳоди махсус гардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умуми миллӣ таъсис дода шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, дар Осиёи Марказӣ ягона кишваре мебошад, ки аз лаҳзаи таъсиси Шабакаи зидди коррупсионии Созмони Ҳамкориҳои  Иқтисодӣ ва Рушд (соли 2003) узви он мебошад.

Барномарезии давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, Агентӣ соли равон амалишавии чорабиниҳои пешбини намудаи Стратегияро дар вазоратҳои молия, адлия, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, саноат ва технологияҳои нав, Палатаи ҳисоб, кумитаҳои андоз, меъморӣ ва сохтмон, забон ва истилоҳот, агентиҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии аксар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш ва таҳлилу ҷамъбаст қарор дод.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 ҷиҳати иҷрои самараноки банди 45 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия “Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ” қабул карда шуда, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вазифадор гардидааст, ки аз натиҷаи иҷрои методологияи номбурда дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

Қобили қайд аст, ки созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, аз ҷумла, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд ҳолати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияро таҳлил намуда, ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додаанд, ки ҷиҳати дар қонунгузорӣ муқаррар намудани ҷавобгарӣ барои риоя накардани он чора ҷуӣ намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *