Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷавонон – тарғибдиҳандаи қонуни асосӣ мебошанд.- Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Давлату миллати соҳибистиқлол дорои Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва коститутсия мебошад. Ба танзимдароварандаи тамоми сохтору нишонҳои давлатӣ ин Конститутсия мебошад. Конститутсия сарманшаъи тамоми қонунҳо, шиносномаи давлати ҳуқуқбунёди мо, беҳтарин ва волотарин китоби мост. Донистани ҳуқуқи шахсӣ вазифаи ҳар яки мо мебошад. Модоме, ки мо аз ҳуқуқи худ бохабар бошем, аллакай шаҳрванди соҳибҳуқуқ ба ҳисоб меравем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда дар он муҳимтарин ва асоситарин нуқтаҳо дарҷ гардидаанд.

Моддаи 5 ин қонуни давлатӣ аз ҳар шахс як дифо мекунад:

“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.” Донистан ва огоҳ будан аз Қонуни давлатӣ ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии моро нишон медиҳад. Ҷавонон мисли куҳ бояд пуштибонӣ марзу буми Ватан, муқаддасоти миллии он ва тарғибдиҳандаи Қонуни миллӣ бошанд. Дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Воқеан дар Конститутсия тамоми нуқтаҳои муҳимтарини ҳаёти мо дарҷ гардидаанд. Инсон аз олами ҳайвонот бо он фарқ мекунад, ки бояд як қатор қонуну қоидаҳоро риоя кунад. Пас риояи Конститутсия вазифаи инсонии мост. Конститутсияи амалкунандаи мо ҳанӯз 6 ноябри соли 1994 қабул шуда буд ва тӯли 26 сол ин Конститутсия бузургии худро нишон дода истодааст. Боиси ифтихор аст, ки дар ин муддат фикру ақидаи шаҳрвандонро ба инобат гирифта, 3 маротиба ба он тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки ин низ барои беҳбудии зиндагии мо мебошад. Ба боварии комил гуфта метавон, ки донистан ва риоя намудани ҳар як моддаи Конститутсия барои мо қарз аст.

Умедвор мебошам, ки мо аз ӯҳдаи ин вазифаи пуршараф мебароем ва метавонем ки ба ҳар як сокини давлати ҳуқуқбунёди худ ҳар як моддаи онро фаҳмонем. Ногуфта намонад, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз демократитарин Конститутсия аз ҷониби ҷомеаи башар эътироф карда шудааст, ки ин боиси ифтихор кардан аз давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ будани Ватани азизамон мебошад.

You May Also Like..

23 феврал – рузи Артиши милли.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Ҳама сола 23 – феврал дар саросарӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукуҳу шаҳомати хосса гузаронида […]

Пешгирии коррупсия.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С.

Бо назардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда сади роҳи инкишофи ҷомеа […]

Терорризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва нақши волидайн дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористӣ.-Муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе Раҷабзода М.

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм,ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *