Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муасисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчам-ҳамчун рамзи муқаддас дар радифи дигар рамзҳо мебошад.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳамасола саннаи 24-уми ноябр дар саросари кишвар Иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин ифтихори давлату миллати мост. Зеро Парчами давлатӣ, яке аз рамзҳои муқаддас, муарифгари симои сиёсии давлат ва ифодакунандаи соҳибистиқлолии ҳар як кишвари ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар Парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ, ҳамчун рамзи муқаддас эътироф гардидааст, зеро ҳар як ранги он мазмуну муҳтавои ба худ хос дошта, дар худ мақсаду мароми халқу кишвар ва арзишҳои таърихию фарҳангии миллатро таҷассум менамояд. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостони мост.

Чунончӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои рангҳои сурх, сафед ва сабз мебошад, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён, маншаъ мегирад. Барҳақ, шоир фармудаанд:

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод.

Ранги сабзаш, сабз шуд аз ҷони мо,

Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.

Дар сафедиаш роҳи бахти сафед,

Мебарад моро ба фардои умед.

Аз ин рӯ шоиста аст, ки Парчами давлатии худро эътироф, эҳтиром ва ҳифз намоем ва барои ҷовидона парфишонӣ намудани он кӯшиш намоем ва чи тавре, ки дар Суруди миллии мо шиоре шудааст, ба зери сояи он саф кашида бошем, дар сояи он мо шаҳрвандони Тоҷикистон, барои ояндаи неку ҷовидони Ватани аҷдодии худ саъю талош варзем.

You May Also Like..

Парчами миллӣ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва […]

Парчами миллии Точикистон рамзи давлатдории тоҷикон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исоева Ш.М.

«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, […]

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нурализода О.Б.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукуҳи тамоми санаҳои тахрихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти ватанамон […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *