Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо-танзимгари расму оинҳо ва пешгирӣ исрофкорӣ.-Котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Аббосов С.Ҷ.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: «Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбанди таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад».

Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст. Дар моддаи 1-уми қонуни номбурда омадааст: «Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст». Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» моҳияти динӣ надорад, балки дар асоси талаботи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва қонунҳои амалкунандаи кишвар ба тасвиб расида, мақсад аз он ба танзим даровардани расму оинҳо ва пешгирии исрофкорӣ ва харҷи беҳуда дар онҳо буд, то иқтисоди хонаводагӣ осебпазир ва хароб нагардад.

Инак, чандин сол аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди амал қарор дорад. Он дар қонунгузории кишвар таҷрибаи нав буда, дар доираи манфиатҳои мардум таҳия ва қабул гардидааст. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули назорати риояи қонуни мазкурро ба ӯҳда дорад.

Бояд қайд намуд, ки қабули қонуни мазкур тафриқаи иҷтимоиро низ кам менамояд ва дар ҷомеа барои ҳама имконияти якхела фароҳам оварда, боиси афзун гаштани синфи миёна мегардад. Дар ҷаҳони муосир ҳангоми муайян сохтани сатҳи инкишофи ҷамъияту давлат, пеш аз ҳама ба синфи миёнаи он диққати махсус дода мешавад, чунки маҳз ташаккули синфи миёна нишондиҳандаи то кадом андоза пешрафта будани ҷамъият буда метавонад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *