Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Ислоҳоти судӣ аз Паёмҳо сарчашма мегирад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нақши муҳим мебозад. Бо назардошти пешрафти ҷомеа ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ чанд давра мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ҷараён мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми ноябри соли 2019 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ иброз намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Пешвои миллат барои мисол аз Барномаҳои ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ёдовар гардиданд: “Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳотӣ судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд”.

Тибқи ин барномаҳо чандин қонун, аз ҷумла қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, қонунҳо “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, “Дар бораи судҳои ҳакамӣ” аз нав таҳия ва қабул карда шуданд, ки барои такмили сохтори судӣ, фаъолияти судяҳо ва дар маҷмуъ, барои таҳкими ҳокимияти судӣ дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оварданд.

Пешвои миллат ҳамеша дар Паёмҳояшон аз риояи адолат миёни ҷомеа суханронда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан судҳоро ба амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд роҳнамо месозанд. Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёмҳояшон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун дахл намуда, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт дастурҳои мушаххас медиҳанд.

Президенти мамлакат роҷеъ ба ҳокимияти судӣ, идома додани ислоҳоти судӣ ҳуқуқиро қайд карда, сохторҳои марбутаро дастур доданд, ки Барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқиро барои солҳои 2019-2021 вобаста ба такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, андешидани тадбирҳо бобати баррасии босифату саривақтии парвандаҳои судӣ ва иҷрои санадҳои қабулгардида таҳия ва пешниҳод намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳануз дар Паёми Пешвои миллат дар соли 2006 бо мақсади таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа зарурияти гузаронидани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ба миён омада буд. Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 бошад, идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

Дар ин барнома, аз он ҷумла омадааст, ки: “Кори судя ба масъулияти баланд ва сарбории зиёди ҷисмониву ақлонӣ вобаста аст. Ба замми ин, сол то сол шумораи парвандаҳои судӣ ба таври назаррас меафзояд. Бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии кори судяҳо, беҳтар гардонидани сифати баамалбарории адолати судӣ, дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ кардани парванда ва муроҷиатҳо ба мақсад мувофиқ аст, ки масъалаи ҷорӣ намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки амалишавии ин иқдом ва ташаббусҳои дигар дар пешрафти мақомоти судӣ заминаи мусоиде фароҳам оварда, масъулиятшиносии судҳоро боз ҳам боло мебарад.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *