Тоҷики Тоҷики

Суди иқтисодии шаҳри Душанбе

Тафаккури созанда пеши роҳи исрофро мегирад.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саъдуллозода С.Т.

admin Баромадҳо, Маърӯзаҳо ва мақолаҳо

Танзим ё худ низом хоси ҷомеаи башарӣ буда, барои муайян намудани тартиботу равиши рафтор кумак мерасонад. Танзим дар ҷодаҳои мухталиф ба он вобаста мебошад, ки ин ё он соҳа то куҷо ба ислоҳу пешрафт ниёз дорад. Халқи тоҷик бо тафаккури созанда ва ташаббусҳои наҷибу бунёдкорона тавониста, ки дар танзими зиндагии шоиста ҳамеша саҳмгузорӣ намояд. Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун аркони муҳими фарҳангии иҷтимоӣ ба танзим зарурат доранд, зеро онҳо низ мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд.

Пешвои миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчи зудтар халос кардани мардум аз ин гуна бидъатҳо ва сарбориҳои сохта қабули қонун аст. Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуд.

Аз ин рӯ, 8 июни соли 2007, таҳти №272 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон равона гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид таъкид кардаанд: “Воқеан, қисме аз мардуми мо ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасанд”. Пас аз 10 соли амали қонун ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор низ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи ин қонун пурзӯр карда шуданд.

Имрӯзҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат дар баробари тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ муваззафанд, ки худ ва аҳли оилаашонро ба риояи меъёрҳои ин қонун мутобиқ гардонанд ва аз хароҷоти зиёдатӣ даст кашанд.

You May Also Like..

ТАЪРИХИ ВА ТАЪСИСЁБИИ РУЗИ АРТИШИ МИЛЛИ. – Сардори шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқисодии шаҳри Душанбе Шамсуллозода С.З.

Дар замони шуравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии […]

Таърихи ташакулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.-котиби маҷлиси судии суди иқтисодии шаҳри Душанбе Исматов М.

23 феврали соли 1993, возеҳтараш 31 сол қабл дар шароити басо сангину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии […]

Таърихи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.-Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З.М.

23 юми феврал тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба иди расмӣ-давлатӣ табдил […]

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *